РОҲУ УСУЛҲОИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКӢ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз аҳли башар ба технологияи муосир сарукор дорад ва ба комёбиҳои беназир муваффақ мешаванд. Он чизи нав нест, аммо талаби замон аст, зеро боиси рушду такомул ва пешравии чомеа мебошад. Боиси хушнудист, ки имсол Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст. Аз ин рў, таҷҳизоти технологияи муосир бояд ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро фаро гирад, то ба шароити кори омўзгор ва фаъолияти шогирдон мусоидат намояд. Он гоҳ сифати таълиму тарбия ранги дигар мегирад, чунки тавассути воситаҳои техникӣ дарс зиндаву шавқовар мегузарад ва хонандаро хаставу дилгир намесозад. Баръакс, олами маънавиёти ўро бою рангин сохта, доираи ҷаҳонбинии васеъ, майлу рағбат ба интихоби касбу ҳунар ва илму донишашро афзун мегардонад. Зеро ҳадафи асосии омӯзгор сифати хуби таълиму тарбия, баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокӣ, дарки қобилияти эҷодиву шуурнокӣ ва тайёр намудани мутахассисони оянда мебошад. Айни замон, истифодаи усулҳои фаъол дар таълими фанни забон бо ёрии воситаҳои техникӣ хеле самарабахш ва талаби замон аст. Як дарси зиндаву табиӣ аз омўзгор заҳмату меҳнати зиёдеро металабад. Барои ин синфхонаҳо бояд бо оддитарин воситаҳои техникӣ (диапроектор, ТV, DVD, компютер ва тахтаи барқӣ) муҷаҳҳаз бошанд. Омўзгор бояд дар асоси барнома, нақшаи корӣ мавзўъҳои сабтшударо пешакӣ омода созад, то дар ҷараёни дарс онро истифода бурда , маводҳои шавқовар, рангорангу пурмазмунро вобаста ба синну сол манзури шогирдон гардонад. Дар интихоби маводи иловагӣ эҷодкор ва бодиққат бошад. Усулҳои фаъоли таълимро вобаста ба намудҳои воситаҳои техникӣ дар қисматҳои забон дуруст ба роҳ монда тавонад. Хусусан дар боби овоз (фонетика) ба талаффузи хонандагони ғайритоҷик бештар диққат диҳад. Фарқи садонокҳои дарозу кўтоҳро фаҳмонда, ҳарфҳои хоси тоҷикӣ ва тарзи талаффузи дурусти онҳоро бо истифодаи аксҳо ва садоҳо нишон дода, бештар машқ кунонад, бо забони бурро калимаву ҷумлаҳоро озодона хонда тавонад. Дар машқҳои амалӣ аз ҳарфҳои хоси точикӣ калимаву ибора ва ҷумлаҳо тартиб дода, дар дафтар хушхату беғалат нависад. Дар инкишофи нутқ истифода аз расмҳо, манзараҳо, ки хеле рангорангу зебоянд, нутқи хаттиву шифоҳии хонандагонро такмил дода, бо усули эвристикӣ тахайюли зеҳниву қобилияти эҷодиро ривоҷ дода, дониши ниҳоии онҳоро кашф намояд. Шогирдон аввал фикру андешаи худро доир ба расм ё манзара шифоҳӣ баён карда, пас матни пурраи онро хонда, ғалати худро ислоҳ мекунанд. Инчунин, тавассути диапроектор ё DVD намоиши порчаҳои филми ҳуҷҷатӣ ё бадеӣ аз ҳаёт ва фаъолияти адибон ба манфиати кор аст. Аммо дар истифодаи диаграмаи Вен муқоисаи забон аз дигар забонҳо ё фанҳо хеле бамавриду шавқовар аст, зеро дар экран хусусияти умумӣ ва муқоисавии он пурра оварда мешавад ва фаҳмиш доир ба забон бештар мегардад. Зеро талаботи онҳоро бо як қоидаву имло қонеъ гардондан ҷоиз нест ва забондонӣ ҷаҳондонист. Мисол: Забони тоҷикӣ падеж, ҷинсият надорад, аммо забони русӣ дорад, дар англисӣ ҷинсият ҳаст, вале падеж нест, дар забони арабӣ т-и занона аст, чиниҳо алифбо надоранд, аммо зиёда аз 2-3 ҳазор иероглиф мавҷуданд. Ё, муқоисаи калимаи модар бо дигар забонҳои ҳиндуаврупоӣ: тоҷикӣ англисӣ олмонӣ русӣ модар – mather mutеr мать ва монанди инҳо. Усули Кластерро низ дар забон ва адабиёт истифода барад.Дар корҳои мустақилона толибилмон тамоми маводи дарсиро бе китоби дарсӣ хомўшона, бодикқат омўхта, машқҳои амалиро иҷро менамоянд. Муаллим дар равиши дарс аз усули «кам гап задану бештар амал кардан» истифода мебарад. Аммо дар усули интерактивӣ, байни онҳо мусобиқахои гурўҳӣ, бозиҳои шавқовари таълимиро ташкил намуда, дониши онҳоро бо ин роҳ мукаммал месозад. Инчунин, дараҷаи дониши шогирдон санҷидашуда, ба зинаҳо ҷудо карда мешавад, Бо шогирдони камдону заиф (аз сода ба мураккаб) корҳои фардиро ҷоннок намуда, мекўшад, ки дараҷаи дониши онҳо баробар шавад ва натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд. Қобили қайд аст, ки дар литсейи № 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, ғайри фанни забони давлатӣ таълими тамоми фанҳо бо забони русӣ сурат мегирад. Аз рўзи аввал чунин ба назар расид, ки хонандагон бештар ба омўзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ машғул ва мутаваҷҷеҳ буда, ба забони давлатӣ кам эътибор медоданд. Санҷиш нишон дод, ки баъзеи онҳо оддитарин қоидаву имлоро намедонанд. Ҳатто дар хониши матн ба мазмуни он сарфаҳм намераванд, луғатро кам медонанд. Дар нутқи шифоҳӣ байни онҳо суханвару эҷодкорон низ ҳастанд, аммо дар навишт ғалатҳои зиёди имлоӣ роҳ медиҳанд, ки аз надонистани қоидаҳои забон аст. Аммо пас аз худ кардани қоидаҳои имло, луғат аз нозукиҳои забони модарӣ баҳравар гардида, таваҷҷўҳ, меҳру муҳаббат ва шавқу ҳаваси онҳо ба ин фан меафзояд. Омўзгор бояд эҷодкор ва ташаббускор бошад, то дарси худро рангоранг ва босифату самаранок гузаронида, беҳтарин усулҳоро ба роҳ монад ва шогирд низ ин сифатҳоро аз устоди худ омўзад. Албатта, дар ҳар кор мушкилие ҳаст, ки барои бартараф кардани он таҷриба ва азму ирода лозим аст. Дарси забон дар гўшаи табиат дар фасли баҳору тирамоҳи заррин рўҳи онҳоро болидаву илҳоми тозае мебахшад. Сайёҳат ба осорхонаҳо ва огоҳӣ аз таърихи забону фарҳанг, осори адибон низ хеле ҷолиби диққат аст, зеро ҳама чизро бо чашми худ дида эҳсос менамоянд ва беҳуда нагуфтаанд «Шунидан кай бувад монанди дидан». Вохўрӣ бо адибони муосир ба онҳо ғизои маънавӣ мебахшад. Баргузории ҳафтаи забон, қайд кардани рўзи забон ҳафтае як маротиба дар литсей, иштирок дар ҷамъомаду озмунҳо ба онҳо масъулияти ҷиддӣ ва таассуроти нек мебахшад. Мактаб даргоҳи илму дониш ва таҳкурсии асосӣ аст, ки толибилмонро зина ба зина ба камол мерасонад, заковат, қобилият ва маҳорати донишандўзии онҳоро ба касбу ҳунар сайқал медиҳад. Маҳз дар ҳамин давра онҳо илму ҳунар меомўзанд. Имрўз замоне расидааст, ки насли наврас бояд дониши амиқу дақиқ ҳосил намуда, аз воситаҳои гуногуни технологияи муосир, иттилоот, интернет бохабару баҳравар бошад, то ки оянда ҷомеаро бо кашфиёти навин обод ва пеш барад. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки онҳо бо истифодаи технологияи муосир ихтирооту иншоот ва технологияи навинро меофаранд ва пеш мераванд.