САДАҚАИ ФИТР ЧАНД СОМОНИСТ?
Душанбе, 3 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тақвими моҳи шарифи Рамазон аз чоп баромада, пешкаши мусулмонони ҷумҳурӣ гардид. Дар тақвим расмҳои масҷиди набӣ дар Мадинаи мунаввара ва масҷиди ҳарам дар Маккаи мукаррама дарҷ гардида, ояте аз сураи Бақара ва ҳадисе аз ривояти имом Бухорӣ, нияти рӯза ва дуои ифтор бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ оварда шудааст. Мавриди зикр аст, ки 11 августи соли 2010 барои кулли мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфта, 10 сентябр анҷом меёбад. Соли равон тибқи қарори Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисоби закот ба миқдори 15 000 сомонӣ муайян шудааст. Аз ин миқдор маблағ бояд 375 сомонӣ закот дод.(ё аз 3500 $ -85 $). Садақаи фитр бошад мувофиқи меъёр 1 кг 622 грамм гандум ё ба арзиши имрӯзаи бозор 2 сомонӣ муайян шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






