САФАРИ Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ
24 августи соли 2010 баъд аз ноҳияи Восеъ сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҳамадонӣ идома ёфт. Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби мўҳташами таҳсилоти ҳамагонӣ ба истифода дода шуд, ки бо харҷи 8,7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1408 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаби мазкур ҳам аз ҷиҳати меъморӣ, ҳам намои зоҳирӣ ва ҳам шароити таълиму тарбияи хонандагон беҳтарин мактаб дар ин ноҳия хоҳад буд. Синфхонаҳояш бо техникаю таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои электронии таълимӣ муҷаҳҳазанд. Ду синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки ҳарду бо Интернет пайваст мебошанд. Толори барҳавои маҷлисӣ ва ошхонаи зебои мактаб ҳар яке 120 ҷойи нишаст доранд. Толори варзишии мактаб низ муҷаҳҳазу зебо аст, ки боиси хушнудии дўстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим гаштааст. Дар саҳни ҳавлии ин мактаби навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ сўҳбати ошкору самимӣ анҷом дод. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти кишоварзони хоҷаги деҳқонии Дилшоди ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, шуғли асосии аҳли хоҷагӣ пахтакорӣ аст. Онҳо дар заминҳои худ тухмии хушсифати флора кишт намуда, умед доранд аз ҳар гектараш то 45 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ба гуфти аҳли хоҷагӣ тухмиҳои флора ва кармени пахта ба иқлим ва обу хоки ноҳияи Ҳамадонӣ созгор омадааст. Онҳо ҳамчунин аз замини ғаллаашон 55 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он ҷуворимакаи дон кишт намудаанд ва аз он 60 сентнерӣ ҳосил бардоштанианд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кори хоҷагии моҳипарварии «Моҳии хушзоти Чубек» аз наздик шинос шуда, баҳри ривоҷ додани ин соҳа, парвариши навъҳои беҳтарини моҳӣ таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо ин маҳсулоти ниёзи мардум ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






