САФАРИ КОРИИ Э. РАҲМОН БА НОҲИЯИ ФАРХОРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Август 24, 2010 13:16

24 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳукумати мамлакат ва супоришҳои қаблии Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Фархор оғоз ёфт. Сарвари давлат нахуст бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Шаҳром» — и ҷамоати деҳоти Фархор шинос шуд. Чунонки аён гашт, аҳли ин хоҷагӣ дар майдони 11 га пахтаи навъи сорбон кишт намуда, умед доранд, ки аз ҳар гектараш 35 сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд. Соли гузашта аҳли ин хоҷагии пешсаф аз ҳамин замин 32 сентнерӣ ҳосил рўёнда будаанд. Дар ин хоҷагӣ ҳамчунин кишти сабзавот, полезӣ ва боғдорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин хоҷагӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияи Фархор иштирок намуда, бо аҳли ҳунару заҳмат сўҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани иқтидори пешинаи шолипарварии ноҳия, бунёду парвариши зардолубоғҳо ва ба роҳ мондани технологияи хушксозии меваи гаронбаҳои он ва ҳамчунин вусъат додани дигар корҳои зарурӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳи навсохти маркази ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Чунонки зикр гардид, дар ин муассисаи нави соҳаи тандурустӣ барои 150 нафар кормандону мутахассисони ин соҳа ҷойҳои корӣ ва шароити хуби муоинаю муолиҷа барои эҳтиёҷмандон муҳайё гаштааст. Барои ин дармонгоҳи нав бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва муоинаи беморон харидорӣ шудаанд. Тибқи супориши Сарвари давлат то охири сол ба ноҳияи Фархор аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин  5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда мешаванд. Кормандони соҳа ва мардуми Фархор аз фаъол гаштани дармонгохи нав ва шароити муосири он басо шодмон гаштанд, зеро дармонгоҳи пешинаи ноҳия ҳанўз соли 1935 сохта шуда будааст. Бо ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор ҳамчунин корхонаи ресандагии «Фаррес» расман ба кор дароварда шуд, ки дар он барои 320 нафар дар се баст ҷойҳои доимии корӣ ва маоши хуб муҳайё шудааст. Зимни шиносоӣ бо корхона зикр гардид, ки он бо иқтидори имрўзааш дар як сол 1 ҳазору 200 тонна нахи хушсифат ва ҳазор тонна ришта истҳсол мекунад. Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Фархор бо мулоқоти  ў бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия, ки зимни он сўҳбати озоду ошкоро баргузор гашт, ба поён расид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия бо кўмаку дастгирии ҳукумати мамлакат варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангию фароғатии он навсозӣ карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.       

Август 24, 2010 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон