САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ҲИСОР

Август 30, 2010 13:55

30 августи соли 2010 аз ноҳияи Рўдакӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори намунавии ин хоҷагии пешқадам аз наздик шинос шуд.  Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти гуногун зикр гардид, ки аз 1630 гектар замини ин хоҷагӣ 1128 гектараш обӣ аст ва шуғли асосии заҳматкашони он пахтакорӣ мебошад. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди ин, заҳматкашони хоҷагӣ дар ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва кишти дубораю себораи заминҳои обӣ низ таҷрибаи намунавӣ доранд. Дар яке аз қитъаҳои замини хоҷагӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои ниҳолҳои лўбиёро аз назар гузаронд, ки 24 июл баъди ҷамъоварии ғалла кишт шудааст. Чунонки зикр гардид, аҳли хоҷагӣ аз  ғаллаи обии ин замин 35 сентнерӣ ҳосил рўёндаанд ва умед доранд, ки аз ҳар гектари лўбиё то 20 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.  Бо назардошти афзоиши талаботи бозор ба маҳсулоти лўбиёгӣ ва болоравии нархи он зиёд намудани кишти чунин зироатҳо матлуб арзёбӣ гардид. Аз ин ҷо  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Гачаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ як мактаби мўҳташами дуошёнаи замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки бунёди ин мактаб ?анўз соли 1989 о?оз ёфта,  соли 1993 бо сабаб?ои маълум ?атъ гардида буд ва акнун бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохтмони нотамоми он ба поён расонда шуд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ин мактаб дорои  36 синфхона, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ, ду синфи муҷа??аз ва махсуси технологияи ҳунаромўзӣ, ?у?ра?ои маъмур?, толор?ои варзишиву ма?лис?, китобхонаву ошхона ва бунго?и тибб?  буда, барои 1248 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ифтитоҳи ин мактабро, ки бо беҳтарин шароити имрўзаи таълимӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои аёнии электронӣ муҷаҳҳаз гаштааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ тўҳфаи сазовори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаббачагону омўзгорон ва мардуми ин деҳа арзёбӣ намуд ва хотиррасон кард, ки дар остонаи ?ашни исти?лоли давлатии Тоҷикистон зиёда аз 10 мактаби нави замонавӣ ва як филиали донишго?и омўзгорӣ дар вилоят?о ва ша?ру но?ия?ои гуногуни мамлакат ба истифода супурда шуд. Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рўзгордидаю аҳли илму фарҳанги ноҳия сўҳбатҳои ҷолибу самимӣ баргузор гашт, ки зимни он оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таълиму тарбияи солими насли наврас, дур нигоҳ доштани онҳо аз ҳаракатҳои иртиҷоию экстремистӣ, танзими расму ойини мардумӣ, кўмак ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ  гуфтугў сурат гирифт.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 30, 2010 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад