ШАХСИЯТИ ҶИНОЯТКОРОНИ ФИРОРӢ МУАЙЯН ШУД

Август 23, 2010 14:54

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба қазияи фирори маҳбусон аз маҳбасхонаи пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси кумитаи мазкур Қосим Ғаффоров бо журналистон сӯҳбат кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки: «Рӯзи 22 августи соли ҷорӣ соати 22:15 аз тарафи гурӯҳи маҳкумшудагон, ки баъди қарори суд дар маҳбасхонаи пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан нигоҳ дошта мешуданд, аз хунукназарии нозири маҳбас истифода намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ, бо истифода аз зӯри яроқи оташфишон як қисмати муайяни маҳбасхонаро ғасб карда, бори дигар даст ба ҷинояти сангин заданд. Онҳо нозири маҳбас Каримов Нурматқул, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ваҳшиёна қатл карда, ба 2 нозири дигар зарари вазнини ҷисмонӣ расонидаанд. Раҳбар ва ташкилкунандагони ин ҷиноят Насриддинов Иброҳим Раҷабович, соли таваллушаш 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, Ахмедов Магамед, соли таваллудаш 1973, зода ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Доғистон, Федератсия Россия ва Азизов Ҳикмат Файзуллоевич, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳия Панҷи вилояти Хатлон, ки ба содир намудани ҷиноёти дар моддаҳои 104, 187, 171, 195 ва 328 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гаштаанд, мебошанд. Гурӯҳи ҷиноятии мазкур бо истифода аз таҳдид ва зӯроварӣ боз 22 нафар ашхосе, ки ҳамчунин барои содир намудани ҷинояти сангин маҳкум шудаанд, аз маҳбас озод кардаанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони Афғонистон ва Федератсияи Россия, ки дар содир намудани амалҳои терористӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам гаштаанд, низ мебошанд. Ҳангоми ин амалиёти ҷинояткорона ба гурӯҳи мазкур муяссар шудааст, ки теъдоди муайяни яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро аз худ намоянд. Дар натиҷаи муқовимати мусаллаҳона аз тарафи гурӯҳи террористон 4 нафар аз посбонҳои маҳбасхонаи муваққатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки адои хизмат мекарданд, ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. «Таҳлил нишон медиҳад, ки ҷиноёти мазкур характери трансмиллӣ дорад.  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чунин рафтори ғайриқонунии ашхоси ҷинояткор хулосаи даркорӣ бароварда, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми чораҳоро барои дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ин гурӯҳи криминалӣ, мебинад. Эҳтимол меравад, ки барои бо муваффақият анҷом додани ин вазифа Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои қудратии Федератсияи Россия, Афғонистон ва дигар кишварҳо ҳамкории самаранокро ба роҳ мемонад», — тазаккур дод Қ. Ғаффоров. Маврид ба зикр аст, ки бо ин мақсад, ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович ташкил гаштааст. «Мо ҳамкории васеи хешро ба хотири кофтуков ва дастгир намудани гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур оғоз намудаем», — илова намуд Қ. Ғаффоров.  

Август 23, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд