ШАРОИТИ ХУБ-ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Август 27, 2010 16:24

Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Имрӯзҳо  шодию хурсандии  сокинони деҳаи Мурғободи ҷамоати  деҳоти «Чоряккорон»-и  ноҳияи  Рӯдакиро  ҳадду канор нест. Зеро  дар деҳаи мазкур сохтмони мактаби  таҳсилоти миёнаи    рақами 123   бо  тамоми таҷҳизоти заруриаш ба анҷом расид.Мактаби номбурда омодааст  зиёда аз 464  нафар хонандаро  дар як баст қабул намояд . Ҳамчунин, мактаб дорои маҷлисгоҳ, толори  варзишӣ,  китобхона ва  ошхона  буда, бо  мизу курсӣ пурра  таъмин  аст. Мактаб бо  дастгирии  Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  маблағгузории    Бонки Рушди Исломӣ сохта  шуд.  Директори  таълимгоҳи мазкур  Ибодулло Ҷобиров  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт,  ки мактаб бо муаллимони  баландихтисос пурра  таъмин  буда,  омўзгорон  омодаанд дар таълиму  тарбияи насли  наврас ҳиссаи  шоиста гузоранд.  

Август 27, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд