ШОҲИН: «ДАР АФҒОНИСТОН ФИЛМҲОИ ХОРИҶӢ ҲОКИМ ШУДААНД»

Август 4, 2010 14:11

Он рӯз кохи  «Ҷомӣ»-и Душанбе аз ҳузури аҳли илму фарҳанги кишварҳои ҳамҷавор  – Тоҷикистону Афғонистон кошонаи меҳру муҳаббат ва дӯстиву бародариро мемонд. Дар ин ҷо, ду филми нави коргардони шинохтаи афғон Салими Шоҳин бо номи  «Шикасти қалбҳо» ва «Фарҷом» муаррифӣ гардид, ки дар маросими ботантанаи муаррифии филми мазкур намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе, муҳоҷирони афғони муқими Тоҷикистон, ҳунармандону олимони шинохтаи бахши синамои Тоҷикистону Афғонистон иштирок намуданд. Бояд зикр кард, ки филми «Шикасти қалбҳо» аз ҷониби тамошобинон дар Душанбе хуш истиқбол гардида, мухлисони синамо онро комёбии синамогарони афғон дар шароити феълии Афғонистон арзёбӣ карданд. Қабл аз муаррифии филми «Шикасти қалбҳо» фурсат даст дод то бо коргардони филми мазкур,  ҳунарманди шинохтаи бахши синамои Афғонистон Салими Шоҳин сӯҳбат анҷом диҳем, ки алҳол фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем: Салими Шоҳин бигӯед, ки филмҳои «Шикасти қалбҳо» ва «Фарҷом» дар куҷо ба навор гирифта шудаанд ва мавзӯашон чист? Филмҳо дар Кобул ба навор гирифта шудаанд. Дарди ҷомеаи кунунии Афғонистон, нобаробарии иҷтимоӣ, ҳаёти ҷавонони афғон, хусусан даст доштани ҷавонон ба маводи мухаддир, мушкилоти мардум аз мавзӯъҳои асосии филмҳост. Дар филми «Шикасти қалбҳо», ки романтикист,   ду ҷавон аз даврони тифлӣ бо ҳамдигар унс мегиранд ва баъди  камол расидан ба ҳамдигар ошиқ мешаванд. Духтар аз оилаи сарватманду золим аст, вале писар аз оилаи бебизоат. Дар ин филм тамоми корҳоро худам ба анҷом расонидаам, сенарияшро худам навиштаам, коргардон ҳам худам ҳастам. Дар филм бо зулми  падари духтар ҳар ду ошиқ ғӯрамарг мешаванд. Барои падари духтар пушаймонӣ дигар суде намебахшад. Ҳол он ки падари духтар хеле сарватманд ва пурқудрат буд. Ва боре ҳам фикр накард, ки дар ин дунёи гузаро хоҳ шоҳу хоҳ гадо баъд аз марг аз ин ҷаҳон бо худ як порча кафан мебаранд,  на сарвату давлату боигарии бешумор ва на қудрату шаҳомат. Ман ба волидайн гуфтаниям, ки ба фарзандони худ зулм накунед, балки фотеҳа ва дуои нек диҳед,  то онҳо дар зиндагӣ ба висоли ҳамдигар бирасанд ва хушбахт гарданд.Филми «Шикасти қалбҳо» аз сӯи ширкати филмсозии «Шоҳин», ки  беш аз 30 сол инҷониб фаъолият дорад,  дар маҳалҳои  зебоманзари Кобул ба навор гирифта шудааст. «Шикасти қалбҳо» бо забони ноби дарӣ ва зерматни англисӣ таҳия шудааст. Ҳунармандони ширкати филмсозии «Шоҳинфилм»  бо даъват ва мусоидати яке аз тоҷирони афғон продюссер,  инженер Ҷалил ба Душанбе ташриф оварданд ва филмҳои «Шикасти қалбҳо» ва «Фарҷом» -ро барои  бародарони тоҷик ва муҳоҷирони афғон, ки дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, пешкаш намудем. Дар филм  нақшҳои асосиро киҳо бозидаанд?   Нақшҳои асосиро банда Салими Шоҳин, Парии Ғуломӣ, писарам  ва дигар ҳунармандони варзидаи ширкати филмсозии «Шоҳинфилм» бозӣ кардаанд. Дар таҳияи филм кӣ ба Шумо кӯмак расонидааст? Тамоми филмҳо аз ҳисоби ширкати хусусии синамосозии «Шоҳинфилм» рӯи навор меоянд, албатта бо мушкилоти зиёд таҳия карда мешаванд. Бояд гӯям, ки ширкати филмсозии «Шоҳинфилм»  беш аз 30 сол мешавад ба офаридан ва ба наворгирии филмҳо машғул аст.Ҳанӯз соли 1974 ҳангоми банаворгирии филми «Гирдоб» бар асари таркиши ракета 8 нафар ҷавонони ҳунарманди ширкати «Шоҳинфилм» шаҳид гардида буданд. Он вақт дар Афғонистон ҷангҳои хонумонсӯз идома дошт. Новобаста аз вазъи кунунии бӯҳронии Афғонистон ман ва аҳли ҳунармандони ширкати «Шоҳинфилм» сайъю талош менамоем, ки филмҳои хубу диданибоб  ва пурмазмун рӯи навор оварда, пешкаши мардуми Афғонистон ва мардумони кишварҳои ҳамсоя гардонида, дар робита саҳми худро дар рушди синамои Афғонистон  гузорем. Алҳол вазъи  синамои Афғонистон  дар кадом сатҳ аст? Ман, ки худ масъули гурӯҳи ширкатҳои хусусии  Афғонистон дар бахши синамо ҳастам, вазъи кунунии синаморо дар кишварамон новобаста ба вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон дар ҳоли хуб арзёбӣ менамоям. Бояд гуфт, ки тӯли 60 соли охир синамо дар Афғонистон новобаста ба шароити дохилии он рушд кард. Дар Афғонистон беш аз 170 ширкати хусусии филмсозӣ вуҷуд  дошта, аксарияташон фаъолияти густурда доранд. Синаморо дар Афғонистон хеле дӯст медоранд. Аксар филмҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш мешаванд. Бадбахтона имрӯз филмҳои хориҷӣ дар  Афғонистон ҳоким шудаанд. Хориҷиён фарҳанги худро бо филмҳои офаридаашон ба мардуми мо талқин мекунанд. Намедонем, ки додамонро ба кӣ гӯем. Яъне,  ин як мушкилоти асосии  мо дар мавриди офаридани филм аст. Ё вақте, ки мо як филмро таҳия менамоем,  онро медузданд, ман дар назар дорам СД-ашро. Ягон нафар то ҳол ҷилави ин масъаларо дар Афғонистон нагирифтааст. Шумо нияти  бо синамогарони  тоҷик таҳия намудани филми муштаракро доред? Бале. Ман ният дорам ва ҷаҳду талош менамоям, ки дар оянда бо бародарони тоҷик- филмсозону ҳунармандони тоҷик як филми муштарак таҳия намоям. Дар робита зимни  сафари худ ба Тоҷикистон  бо  намояндагони «Тоҷикфилм», Иттиҳодияи синамогарони тоҷик, бо Сафар Ҳақдодов сӯҳбат кардам.  Мардуми Афғонистон ба тамошои кадом филмҳо бештар таваҷҷӯҳ доранд? Дар Афғонистон филмҳои тоҷикиро бештар дӯст медоранд. Бахусус,  филми «Рустам ва Сӯҳроб», ки дар замони Шӯравӣ ба навор гирифта шудааст,  хеле маҳбубият дорад. Инчунин, ба филмҳои эронӣ ва филмҳои афғонию ҳиндӣ, покистонӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд. Ба филмҳои ғарбӣ ва амрикоӣ чӣ? Ба ин филмҳо чандон таваҷҷӯҳ надоранд, вале бо зӯр  ба мардум пешкаш мегарданд. Аслан ин филмҳоро тоҷирон мехаранд ва ба Афғонистон  оварда, ба намоиш мегузоранд, то ки  мардум онҳоро қабул созанд ва тамошо намоянд. Ин тоҷирон барои рушди фарҳанги миллии худ кор намекунанд. Баръакс филмҳои хориҷиро ба Афғонистон оварда,  бизнес менамоянд ва тарғиб месозанд, ки он натиҷаи хуб намедиҳад, зеро онҳо тарғибгари  фарҳанги бегонаҳо аст. Дар Афғонистон дар як сол тахмин чанд филм ба навор гирифта мешавад? Дар Афғонистон ширкатҳои филмсозӣ хеле зиёд аст ва филмҳои дорои мавзӯъҳои гуногун низ ба навор гирифта мешавад. Хушбахтона,  ширкати филмсозии «Шоҳинфилм», ки ман роҳбараш ҳастам,  соле то ду –се  филм рӯи навор меорад, ки дар шароити феълии Афғонистон комёбии калон аст. Таассуроти Шумо аз Тоҷикистон чӣ гуна аст ва ба мардуми тоҷик чӣ таманно доред? Ман бисёр хушбахтам,  ки ба кишвари бародар ва ҳамсоя Тоҷикистон ташриф овардам ва филмҳои «Шикасти қалбҳо» ва «Фарҷом»-ро муаррифӣ кардам. Мардумони ду давлатро аз қадимулайём анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ, таърихию фарҳангӣ ва ҳамзабонӣ бо ҳам мепайвандад. Тоҷикистону Афғонистонро танҳо дарёи Омӯ аз  ҳам ҷудо менамояд. Ман, ки худ аз тоҷикони Афғонистон ҳастам, кишвари зебои  Тоҷикистонро хеле дӯст медорам. Зимни сафари худ ба ин кишвар  аз ҷойҳои зебоманзару хушбоду ҳавои Тоҷикистон дидан намудам, ки хеле ба манн писанд омад. Мардуми тоҷик бисёр хоксор ва меҳмондӯст аст. Барои мардуми  шарифи Тоҷикистон сарбаландию пешрафтро таманно карда, хоҳони сарсабзию шукуфоии сарзамини офтобии Тоҷикистон ҳастам.      Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».  

Август 4, 2010 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад