СИНГАПУР-2010: НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Шукрона Шарифова, варзишгари ҷавони тоҷик, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати таэквон-до намуди WTF медали биринҷиро соҳиб гашт. Шукрона Шарифова дар сабқати таэквон-до дар вазни то 44 килограмм бо рақиби чинӣ қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 3:1 ғолибиятро ба даст овард, вале Шукрона дар даври нимниҳоӣ аз Ирина Ромолдановаи укроинӣ бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашта, сазовори медали биринҷӣ гардид. Ин аввалин медали олимпичиёни навраси Тоҷикистон дар Бозиҳои нахустини тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ба шумор меравад. Рӯзҳои 16 — 17 август Баҳодур Қодиров аз рӯи гӯштини тарзи озод қувваозмоӣ менамояд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






