СОКИНОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ БО БАРҚИ ХУДӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини мунтазами аҳолӣ бо нерӯи барқ, дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии калон, бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ низ бо суръат идома дорад. Сохтмони чунин як нерӯгоҳи хурди барқии обӣ дар деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ муташаккилона идома дорад, ки бо маблағгузории Бонки исломии рушд ва ширкати «Барқи тоҷик» бунёд мешавад. Ин нерӯгоҳи хурд 4,3 мегаватт иқтидори истеҳсолӣ дошта, дар ҳолати бунёд шудани он 50 фоизи сокинони ноҳияи Айнӣ бо барқи худӣ таъмин хоҳанд шуд ва мушкилоти норасоии қувваи барқ дар корхонаҳои саноатии ноҳия низ бартараф мегардад. Алҳол дар нерӯгоҳ корҳои васлгарӣ, танзими истеҳсолот ба роҳ монда шуда, дар он 40-50 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ фаъолият доранд, ки музди меҳнаташон ба ҳисоби миёна 1000 сомониро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳ ҳанӯз моҳи апрели соли 2009 оғоз гардида, тибқи нақша то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






