СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ДАР БИНОИ НАВ
Бадахшон, 9 август.( АМИТ « ХОВАР» Л Додо).- Хонандагони мактаби рақами 20-и ноҳияи Шуғнон соли нави таҳсилро дар бинои нави барҳаво истиқбол менамоянд. Моҳи августи соли 2009 нахустин хишти он гузошта шуда,сохтмони онро фирмаи бинокории «Бунёд» ба ӯҳда гирифтааст.Тавре сармуҳандиси он Фирдавс Саидтаибов иттилоъ дод, ба хотири бунёди мактаби мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти назди дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар 1 млн 334 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Мактаб барои 220 талаба пешбинӣ шуда, дар он ба хотири таълими хонандагон синфхонаҳои барҳавои компютерӣ низ мавҷуданд. Мактаб инчунин дорои варзишгоҳи замонавист. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, соли таҳсили ҷорӣ инчунин хонандагони мактабҳои рақами 8, 14 –и ноҳияи Ишкошим, мактаби рақами 15-и ноҳияи Рӯшон,мактаби ,рақами 6-и ноҳияи Мурғоб дар синфҳои барҳавои бинои нав таҳсил мекунанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






