СОЗМОНИ МАРКАЗИ ПРОТСЕССИНГӢ ДАР БОНКИ МИЛЛӢ

Август 13, 2010 12:32

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). – Бонки миллии Тоҷикистон барои созмон додани Маркази миллии хариду фурӯши кортҳои пластики пардохтӣ озмун эълон менамояд. Ширкатҳои манфиатдор ҳуҷҷатҳои озмунро метавонанд дар асоси ариза ба таври хаттӣ ё тариқи почтаи электронӣ пас аз пардохти маблағи бебозгашти 1000 сомонӣ дастрас намоянд. Пешниҳодҳо барои иштирок дар озмун то 12 сентябри соли ҷорӣ қабул карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Маркази мазкур шахси ҳуқуқӣ ё яке аз шӯъбаҳои бонк буда, ҳамкории иттилоотӣ ва технологии иштирокчиёни муомилотро ба танзим медарорад. Дар забони русӣ мафҳуми маркази протсессингӣ маъмулан нисбат ба ташкилоте истифода мешавад, ки дорои хариду фурӯши кортҳои пластикӣ мебошанд.

Август 13, 2010 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд