ТАҒЙИРОТ ДАР ТАРЗИ ҚАБУЛ
Бадахшон, 30 август. (АМИТ «Ховар» , Л. Додо).- Дар маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ба иҷрои Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» аҳамияти љиддї медиҳанд. Мақомоти давлатї, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилот сарфи назар аз шакли моликият вазифадоранд, ки ба ҳар як арзу шикоят сари вақт ҷавоб гардонанд . Раиси вилоят Қодир Қосим дар қабули шаҳрвандон як ќатор тағйирот ворид намудааст. Агар қаблан раиси вилоят шањрвандонро танњо худаш ќабул мекард, њоло њамроњи раиси вилоят сарварони идораву муассисот, кумитаҳои вилоятӣ, маќомоти њифзи њуќуќ, роҳбарияти Донишгоҳи шаҳри Хорўғ низ ширкат меварзанд. Агар қаблан арзи шањрвандон ба унвони сарварони ин ё он идораву муассисот фиристода мешуду он аксаран бенатиҷа мемонд, ҳоло бошад арзу шикоят дар ҳузури сарварон ҳаллу фасл мегардад ва дар худи ҳамон ҷо ба аризадиҳанда ҷавоби мушаххас дода мешавад .








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






