ТАЙЁРӢ БА МАЪРАКАИ БАРӮЙХАТГИРӢ

Август 2, 2010 11:31

Душанбе, 2 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-31 июл таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи  навбатии  Комиссияи мусоидат барои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар ҷаласа дар хусуси рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 21-ум то 30 сентябри соли 2010 гузаронида мешавад, ҳисоботи масъулони соҳа шунида шуд.  Таъкид гардид , ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида шуда, маъракаи муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва баргузории он барои муайян кардани дурнамои рушди ҷараёни иҷтимоию-иқтисодӣ, гирифтани маълумоти пурра ва дақиқ дар бораи шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар мамлакат,шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва барои муайян кардани манбаъҳои асосии барои аҳолӣ ҳаётан муҳим аҳамияти калон  дорад. Оқил Оқилов роҳбарони сохторҳои марбутаро вазифадор кард,ки барои дар сатҳи баланд  гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз хамаи имкониятҳои  мавҷуда самаранок истифода баранд ва дар ин самт ҳамоҳангии кори вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  таъмин намоянд.  Хотиррасон бояд  кард, ки маъракаи қаблии  ба рӯйхатгирии аҳолии мамлакат моҳи январи  соли 2000 гузаронида шуда буд ва имсол дар баробари баргузории маъракаи ба рӯйхатгирии аҳолӣ  бори нахуст дар ҷумҳурӣ барӯйхатгирии фонди манзил низ гузаронида мешавад.

Август 2, 2010 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад