ТАЪМИНИ БЕХАТАРӢ ДАР РОҲҲО БАҲРИ АМНИЯТИ ҲАЁТ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таъмини бехатарӣ дар роҳҳо баҳри амнияти ҳаёт», таҳти чунин унвон охири моҳи октябр дар Қасри Таврияи Санкт-Петербурги Русия анҷумани саввуми байналмилалӣ баргузор мешавад. Тибқи иттилои пойгоҳи интернетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳадафи асосии баргузории анҷуман баррасии масъалаҳои ташаккули сиёсати давлат ва мукаммал гардонидани қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи шаҳрвандон аз фалокатҳои роҳу нақлиёт ва оқибатҳои он, инчунин мубодилаи маълумот ва таҷрибаи амалӣ сохтани нақшаҳо ва барномаҳои таъмини бехатарӣ дар роҳ мебошад. Интизор меравад, ки дар анҷуман роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, парламентҳо, намояндагони иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳои байналмилалии нақлиётӣ, мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалии дар самти бехатарии ҳаракат дар роҳ фаъолиятдошта, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва васоити ахбори оммаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






