ТАЪРИХИ КУҲАНИ НОҲИЯИ ҶАВОН

Август 17, 2010 10:21

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). — Шаҳринав яке аз ноҳияҳои ҷавонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамқадаму ҳамрадифи Истиқлолият мебошад. Шаҳринав соли 1991 таъсис ёфта, имрўз он бо дастгирии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба яке аз ноҳияҳои агросаноатии пешқадам мубаддал гардидааст. Тибқи барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015»   як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифта, биноҳои хуштарҳи замонавӣ ин ноҳияи ҷавонро дар ҳақиқат ба як маркази зебою назаррабо табдил додаанд. Биноҳои раёсати молия, суғуртаи давлатӣ, шўъбаи маориф,  филиалҳои «Амонатбонк», «Агроинвестбонк», варзишгоҳи марказӣ, гулгашту  хиёбонҳо     аз зумраи он корҳои  бунёдкорию созандагиянд, ки тайи ду соли охир  мувофиқи тарҳи меъмории муосир сохта шудаанд. Нишондодҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015 бо назардошти     самтҳои асосии рушди иқтисодии кишвар таҳия ва тибқи стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, Стратегияи паст   намудани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2011, Барномаи сармоягузории давлатӣ ва дигар барномаҳои соҳавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд. Роҳбари  дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳринав Қурбоналӣ Гулов оид ба амалӣ сохтани барномаҳои мазкур изҳори ақида намуда гуфт,ки  мо ният дорем иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатиро пурра истифода намуда, ҷойҳои нави  кориро зиёд намоем.Ҳамчунин рушди соҳаи кишоварзӣ , ташкили дурусти инфрасохтори иқтисодӣ, тараққӣ додани соҳаҳои хизматрасонӣ, ривоҷи соҳаи туризм ва таъмини хуби низоми фаъолияти ҳимояи ҳуқуқи тиҷорат кафолати боэътимоди он аст, ки  сатҳи зиндагии мардум торафт  баланд мегардад. Аз аввали соли ҷорӣ сар карда, дар Шаҳринав бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмону васлкунӣ ва таъмиру таҷдиди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба анҷом расида, сохмони мактаби миёнаи  №50, маркази саломатии деҳоти Чузӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаву табобати беморон дар он  дар сатҳи баланд қарор дорад, мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Бояд гуфт,ки ин  маркази тиббӣ  метавонад ба мардуми Шаҳринаву Ҳисор ва шаҳри Турсунзода ройгон хизмат расонад.Айни замон дар ноҳия беш аз 20 муассисаи тиббии дорои шароити хуби хизматрасонӣ ва мутахассисони баландихтисос ба мардум хизмат мерасонанд.   Беморхонаи  марказии ноҳия, ки то солҳои 2000-ум дар ҳолати садамавӣ  қарор дошт, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнав пурра таъмир гашта, ҳоло  дорои мутахассисони баландихтисос мебошад. Беморон дар утоқҳои кушоду барҳаво сари вақт табобат мегиранд. Онҳо пайваста зери назорати  табибони мушфиқу ғамхор ва дорои донишу малакаи баланд қарор доранд. Табибони ҷавон бошанд, дар курсҳои махсус ихтисосашонро такмил медиҳанд. Бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои доғ мубаддал гардидааст. Аз ин рў Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амру супориш медиҳад, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии табақаҳои гуногуни мамлакат тадбирҳои мушаххас  андешанд. Масъулини ноҳияи Шаҳринав ин омилро ба хубӣ дарк карда, баҳри ҳалли ин масъала пайваста дар талошанд. Ҳамин омилҳои дурусти ба фаъолияти самарабахш ҷалб намудани қувваи қобили меҳнат мебошад, ки дар ноҳияи Шаҳринав муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар давлатҳои дуру наздик торафт кам мегардад. Бо ба истифода додани  ду корхонаи хиштбарорӣ ва як корхонаи коркарди қуму шағал, ки мувофиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнав таҷдид намудани шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода  сохта шуданд, қариб 230-нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори хуб ва маоши мувофиқ гардиданд. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мо ,-афзуд Қурбоналӣ Гулов,-ин   азхуд намудани сарватҳои зеризаминии   кашфшуда  мебошад.Мувофиқи пешниҳоди Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи  гузаронидани тадқиқоти геологӣ муайян гардидааст,  ки дар мавзеи Сариқамиши ноҳия  кони нафт мавҷуд аст. Тадқиқотчиён  тахмин намудаанд, ки дар қаъри замини  мавзеи Сариқамиш тақрибан 5 миллион тонна нафт мавҷуд буда,дар сурати истихроҷи ин захираи нафт мо метавонем на танҳо иқтисодиёти ноҳияи Шаҳринав, балки ҷумҳуриро низ баланд бардорем,- илова намуд Қ. Гулов. Барои истихроҷи нафти майдони Сариқамиш тахминан 30 миллион доллари ИМА масраф мегардад Ҳоло дар кони Сариқамиш ҳамроҳ бо мутахассисони Русия зиёда аз 20 нафар коргарон ва мутахассисони  баландихтисоси  ҷумҳурӣ меҳнат мекунанд.             Ноҳияи Шаҳринавро макони шарбату нўшобаҳои хуштаъм  низ мегўянд. Зеро дар корхонаҳои ин ҷо ҳар сол садҳо ҳазор адад қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол гашта, на танҳо рўи дастурхони сокинони шаҳру навоҳии мамлакатро пурнозу неъмат мегардонанд, балки миқдори зиёди онро ба хориҷи ҷумҳурӣ низ содир карда, бад- ин васила сифати баланди маҳсулоти кишварамонро дар арсаи байналмиллалӣ нишон медиҳанд. Шарбати хуштаъми зардолую олу,олуболу, қулфинай, хуч, себ, ангур ва дигар нўшобаҳо худ гувоҳи он аст, ки дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкории хурду бузург аз тарафи Ҳукумати  Тоҷикистон пайваста таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.  Дар ноҳияи Шаҳринав низ чун дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ  мардуми  гуногунмиллат   дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ кору зиндагӣ менамоянд ва ҳамаи ин дастовардҳояшонро онҳо аз баракати сиёсати дурбинона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста,ба  меҳнати созандаю самарабахш машғуланд. Ноҳияи Шаҳринав ҳарчанд баробари соҳибистиқлол гардидани кишварамон таъсис ёфта бошад ҳам, дорои мавзею ҷойҳои таърихию тамаддуни бой аст. Масалан, макони Хўҷии боло мувофиқи манбаъҳои дақиқ ва кофтукови археологӣ таърихи тўлонии 1300 сола дошта, дардеҳоти Хўҷии боло ҷойгир мебошад. Аз  манбаъҳои  таърихӣ маълум   мегардад,  ки  дар  ноҳияи  Шаҳринав мавзею  рустоҳое  ҳастанд,  ки гузаштагони  мо  1500  сол  пештар  дар  ин  ҷойҳо  кору  зиндагӣ  карда,  имрўз  онҳо   ба  макони    бузургону пирони муқаддас ва зиёратгоҳҳо  мубаддал гардидаанд. Шукри Истиқлоли комили   Тоҷикистон, ки ҳамаи ин мавзеъҳо аз нав эҳё гардиданд. Ин дастовардҳо ва маъхазҳои таърихиро шаҳринавиҳо дар як осорхонаи бисёр кушоду барҳаво  гирд овардаанд. Баробари ворид шудан ба ин осорхона, ки ҳамагӣ як сол муқаддам ифтитоҳ гардидааст, дар пеши назар таърихи гузаштаи диёр, лаҳзаҳои нотакрори зиндагии бобаракати бузургони миллат, бунёди пулу роҳҳо, биноҳо ва зиндагии осудаҳолонаи мардуми    диёрамон ҷилвагар мегардад.        

Август 17, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд