ТАРОЗУҲОРО АЗ САНҶИШ МЕГУЗАРОНАНД
Душанбе, 9 август. АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе маъмурияти бозорҳои пойтахтро новобаста аз шакл ва тобеъияти идоравиашон вазифадор намудааст, ки то 10 августи соли ҷорӣ тамоми тарозуҳоро аз санҷиши Агентии «Тоҷикстандарт» гузаронида, барои хизматрасонии мизоҷон фаъол созанд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ин иқдом бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон андешида шудааст. Масъулияти назорати иҷрои ин амал дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат» ва «Деҳқон» ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Раҳматулло Таваров, Санавбар Раҳимова, Ҷамшед Мансуров ва дар бозорҳои хусусӣ ба ӯҳдаи раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор карда шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






