ТАСАЛЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПАЙВАНДОНИ ЗАФАР НОЗИМ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби фавти сарояндаи шӯҳратёр ва маҳбуби мардум, Артисти халқии Тоҷикистон Зафар Нозим ба пайвандони маҳрум, хешу ақрабо ва мухлисони сершумори истеъдоди нодири ӯ изҳори тасаллият намуд. Сарвари давлат аз ҷумла зикр намуд, ки тӯли даҳсолаҳо Устод Зафар Нозим гули сари сабади маҳфилҳо буд. Эҷодиёти пурғановати ӯ саршори эҳсоси баланди ватандӯстиву миллатпарастӣ, ваҳдату бародарӣ, эҳтиром ба модар мебошад ва чанд насли мардуми тоҷик бо сурудҳои ин марди бузурги ҳунар ба воя расидаанд. «Зафар Нозим мактаби эҷодии худро ба вуҷуд овард ва анъанаҳои ин мактаб бояд идома ёбанд», — таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






