УБАЙДУЛЛОЕВ АРЗИ 48 ШАҲРВАНДРО ШУНИД

Август 24, 2010 11:42

Душанбе, 24 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев 48 нафар сокинони пойтахтро, ки дар тӯли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накарда буд, ба ҳузур пазируфт. Ин амал тибқи тартиби ҷорӣ ва эълони қаблӣ ҷараён гирифт. Барои ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, зимни қабул аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини сохторҳои пойтахт дастурҳо ва мӯҳлати мушаххас дода шуд. Зеро масъалаи қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоташон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шаҳрдории Душанбе ба ҳисоб меравад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, муроҷиаткунандагон аз сатҳи қабул  ва натиҷаи тадбирҳои андешидашуда қаноатманд гардиданд. Бояд зикр кард, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ бори нахуст баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ва масъалаҳои марбут ба шаҳрдорӣ  13 октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе таҳти унвони «dushanbe80@yahoo.com» дар шабакаи  Интернет фаъол гардида буд.

Август 24, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад