ВОҚЕАҲОИ НОХУШ

Август 3, 2010 12:04

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- 1 августи соли равон истиқоматкунандаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар шаҳрванд Диловар Менглиев, соли таваллудаш 1980 сокини хоҷагии Файзалӣ Саидови ноияи Бохтар ҳангоми оббозӣ кардан ғарқ шуд. Аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд, ки ҷасади номбурда то ҳол ёфт нашудааст. Ҷустуҷӯи он давом дорад. 1 августи соли 2010 тахминан соатҳои 17:30 истиқоматкунандаи деҳаи Навбунёди ҷамоати  Оқгазаи ноҳияи Вахш Исломуддин Сатторов  соли таваллудаш 2001 дар канали Гулистон воқеъ дар ноҳияи Вахш  афтода ғарқ шуд. Ҷасади номбурда то ҳол дарёфт нашудааст. 2 августи соли 2010 истиқоматкунандаи деҳаи Карсанги ҷамоати деҳоти Дӯстии ш. Ваҳдат Меҳрангези Шарифхон соли таваллудаш 2007 аз беэҳтиётии падару модараш дар лаби канали Даштишӯри назди хонаашон афтода ғарқ шуд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон ҳамон рӯз ҷасади духтарчаро аз канал ёфта, ба  хешовандонаш супориданд.  

Август 3, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд