ВОИЗОН К-ИН ҶИЛВА ДАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД…
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд… (ё мулоҳиза атрофи мубоҳисаи мӯҳтарам М. Кабирӣ) Қабл аз оғози сӯҳбат дар бораи мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигорони «Радиои Озодӣ», ки дар як «сӯҳбати ихтисосӣ» сурат гирифтааст, мехостем оид ба тарзи масъалагузории «хабарнигорон» изҳори норизоят намоем. Зеро суолҳое, ки онҳо матраҳ менамоянд ва ё масъалагузорӣ менамоянд, моломоли ғаразҳо мебошанд. Хабарнигор аз суоли аввали худ сар карда «тасмими Кумитаи дин барои манъи намозгузорӣ дар қароргоҳи ҲНИТ» – ро чунон рӯи коғаз меоварад, ки аллакай хонанда дар ташвишу изтироб ва воҳима афтида, самти таваҷҷӯҳи хешро гум мекунад. Дар ҳоле, ки Кумитаи дин дар бораи манъи намозгузорӣ дар ин қароргоҳ ҳеҷ гуна тасмиме нагирифтаву тасмиме гирифтанӣ ҳам нест. Мақсад аз ташкили вохӯрӣ бо роҳбарияти ҲНИТ на манъ кардани намоз, балки тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти «масҷид»-и онҳо мебошад. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки шахсони масъули ин қароргоҳ онро «масҷиди» наҳзатиҳо меноманд, вале чанд замон боз онро «маркази фарҳангӣ» ном мебаранд. Аслан мо бояд бо шакли номгузории қароргоҳ ва ё масҷид коре надошта бошем, вале аз он ки он бештар бо номи «масҷиди наҳзатиён» машҳур ҳасту дар он мардумони зиёде намоз мехонанд, моро маҷбур месозад, ки онро бо номи аслиаш ном барем: «масҷиди наҳзатиён». Дар ҳолати ҳамчун масҷид эътироф шудани қароргоҳи хеш роҳбарияти ҲНИТ бояд ба Кумитаи дин муроҷиат намуда, онро расман ба қайди давлатӣ мегирифтанд, ки ин ҳам хилофи қонун мешуд, зеро дар боби 3-юми қонуни мазкур таъкид шудааст, ки шахсони мансабдори давлатӣ, роҳбарон ва аъзои ҳизбҳои сиёсӣ муассис ва корманди иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам дағалона вайронкунии қонун ба назар мерасад. Илова бар ин муассиси ин «масҷид» кист? Тибқи Қонун иттиҳодияҳои динӣ дар ду шакл: ҷамоаи динӣ ва ташкилоти динӣ фаъолият менамоянд, ки дар забони мардумӣ онҳоро масҷидҳои панҷвақта ва ҷумъахонӣ ном мебаранд. Новобаста аз шакли иттиҳодияи динӣ ҳар масҷид бояд ҳатман ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Мутаассифона, қароргоҳ на ба ин ва на ба он шакли иттиҳодияи динӣ дохил намешавад, ки дар пайёмади он суоли мантиқии «чӣ бояд кард?» ба миён меояд. Дар тӯли фаъолияти хеш ҲНИТ боре ҳам ба Кумитаи дин барои ба қайди давлатӣ гирифтани масҷиди худ расман муроҷиат накардааст. Шояд суоли он ки чаро то имрӯз шахсони масъули Кумитаи дин ба иҷрои масъулияти мансабии хеш даст назадаанд, хонандаи моро дар ҳоли изтироб монда бошад. Оиди ин суол чунин бояд ҷавоб дод, ки роҳбарияти Кумита борҳо ба шахсони масъули ҲНИТ муроҷиат намуда, зарурати ба қайди давлатӣ гирифтани онро фаҳмонида додаанд, ҳатто то қабул шудани қонуни нав низ. Вале мутаассифона, на роҳбарияти ҲНИТ ва на шахсони масъули масҷид сари ин масъала ҷиддан фикр накардаанд. Бармегардем сари тарзу услуби масъалагузории хабарнигорони Радиои Озодӣ. «Оғози фишорҳо болои ҲНИТ», ки гӯё дар «интихоботи гузашта нерӯи (бузурги) худро» ба намоиш гузошта бошад ва ин сабаби тағйири муносибати мақомоти давлатӣ нисбат ба ҲНИТ шуда бошад! Аз чунин тарзи масъалагузорӣ хонанда ба изтироб афтода, дар ҳолати маъюсию навмедӣ ва нигаронкунанда қарор мегирад. Чунин масъалагузорӣ гувоҳи нияти холис нест. Таърих шоҳиди он аст, ки садҳо ҳизбу ҷараёнҳо дар интихобот ноком шудаанд, вале нокомии худро набояд сари мақомоти давлатӣ таҳмил кард. Агар обрӯ ва нуфузи ҲНИТ дар ҷомеа дар ҳамин сатҳ қарор дошта бошад, пас айби мақомоти давлатӣ дар чист? Ибораҳое, ки хабарнигорон аз онҳо ҳаннотона истифода мебаранд, аз қабили «нерӯи худро ба намоиш гузошт», аллакай маънои онро ифода мекунад, ки ҲНИТ дар интихоботи сипаришуда пирӯзии мутлақ ба даст оварда бошад ва маҳз ин пирӯзӣ боиси он шуда, ки мақомоти давлатӣ болои ҳизб фишорҳо оғоз намуда, муносибати худро нисбати он куллан дигар намудаанд. Ҳар хонандаи соҳибзавқ ғаразнок ва дорои ҳадафҳои нопок будани чунин масъалагузориро ба хубӣ эҳсос мекунад ва барои ба чунин ҳарза бовар кардани иддае таассуф мехӯрад. Ба чанд андешаи Кабирӣ М. низ метавон эътироз ва изҳори нохушнудӣ кард. Шахсан чунин андеша дорам, ки мақоли «Кӯзаи навро обаш хунук» чандон ба воқеият мувофиқат надорад. Аввалан касе, ки ба мансабе таъин мешавад, ифтихор аз он дорад, ки чунин масъулиятро ба души ӯ вогузор намудаанд. Сониян ин шахс талош хоҳад кард, ки ба боварии шахсони ӯро ба ин кор тавсиянамуда сазовор бошад. Лекин на ба он маъно, ки ҷаноби Кабирӣ эҳсоси изтироб аз он намудаанд. Худи ӯ низ чунин эҳсосотро баъди роҳбари ҲНИТ интихоб шудан аз сар гузаронидаву роҳу рафтору кирдори ӯ (ба қавли маълум имиҷ) низ андаке тағйир ёфтааст. Дигар ин ки Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин аз тамоми унвону мансабҳои илмӣ бархурдор буда, қаблан дар вазифаҳои масъули давлатӣ адои вазифа кардааст. Чунин шахсе ҳаргиз иҷозат нахоҳад дод, ки берун аз доираи талаботи қонунҳои ҷумҳурӣ бо ҳизб муомила карда шавад, вале аз тарафи дигар волоияти қонунро риоят ва ҳимоят хоҳад кард. Посухи Кабирӣ дар бораи он ки «як ҳизби динии сиёсӣ дар баробари масъулият ва вазифаҳои сиёсӣ вазифаҳо ва масъулиятҳои динӣ ҳам дорад», касеро ба тааҷҷуб намеорад. Вале сухан ин ҷо дар бораи он меравад, ки вазифаҳои динӣ дар куҷо ва дар кадом шакл оғозу анҷом меёбанд? Дар масҷид ва ё дар қароргоҳи ҲНИТ? Агар қароргоҳи ҲНИТ масҷиди ҲНИТ ҳисобида шаваду дар қайди давлатӣ гирифта шавад, дар ин ҳолат чизе наметавон гуфт. Вале қароргоҳи ҲНИТ-ро бе қайди давлатӣ ба сифати масҷид истифода бурдани он аллакай ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳисоб меёбад. Аз ҷониби дигар, чаро «наҳзатиҳо» дар қатори дигар мардуми кишвар, ки шояд онҳо ҳам аъзоёни ин ва ё он ҳизби сиёсӣ бошанд, ба масҷидҳои (расман ба қайд гирифтаи) маҳалҳои зист ва ё масҷидҳои дилхоҳашон рафта намоз намехонанд. Ба хотири ибодат касе болои касе фишор наовардаву ҳатто чунин тасмим дар зеҳни касе вуҷуд надорад. Аввал ин ки ҳеҷ касро то ҳол барои хондани намоз дар 3700 масҷиди расман амалкунандаи ҷумҳурӣ мавриди фишор ва ё маҳдудкуниҳо қарор надодаанд. Пас ин баёни ӯ чӣ маъное дорад? ӯ ба хотири ҷурми хеш кишвареро ба симати як давлате муаррифӣ мекунад, ки дар он сохтори демократӣ аз байн рафтааст. Фикр дорем чунин шакли баёни фикр барои Кабирӣ барин роҳбари як ҳизби сиёсӣ аз ҳар ҷиҳат носавобу нозарур мебошад. Қабл аз ҳама ӯ бояд ташаббусҳои шахсии Раиси Ҷумҳурро дар қиёс бо дигар кишварҳои наздику дур ақаллан танҳо дар ҳамин 2 соли сипаришуда ба назар мегирифт. Посухи Кабирӣ ки «ҳеҷ кас озодӣ ва адолату ҳуқуқашро ба осонӣ ба даст наовардааст» ҳақиқати мусаллами таърихиест, ки ҳама ба он бовар дорем. Вале «шароитеро, ки миллатҳо ва кишварҳои мо айни замон дар он қарор доранд» сарчашмаи фишору маҳдудкуниҳо донистан аз рӯи инсоф нест. Агар мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон чунин вазъи номусоиди иҷтимоиро бо мақсаду ҳадафҳои манфиатноки худ ба таври сунъӣ тавлид намуда бошанд, пас дар дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ гунаҳкор кист? Посухи Кабирӣ дар хусуси он ки қонунҳои кишвари мо «духӯра» ҳастанд ва ҳар касе метавонад аз он бардошти инфиродии худро дошта бошад, то андозаи муайян беасосу бемантиқ буда, наметавон нисбати тамоми қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ чунин ҳукми қотеъонаро раво дид. Агар ҳадафи Кабирӣ танҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бошад, пас ҳамин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки он ҷавобгӯи ҳаёти имрӯзаи динии кишвар буда, аз ҷониби мақоми қонунгузори кишвар, ки ҷаноби Кабирӣ шомили он буд, расман қабул шудааст. Ҷаноби Кабирӣ дуруст қайд намудаанд, ки қонун бояд ба гунае бошад, ки ҳама аз он бардоштҳои якхела ва якнавохт дошта бошанд, на ин ки шинохти ҲНИТ аз қонун дигар бошаду Кумитаи дин дигар. Дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтани ҳизб ҳаргиз маънои онро надорад, ки қароргоҳи онро бидуни ба қайди давлатӣ гирифтан метавон (бар хилофи қонуни амалкунанда!) ба сифати масҷиди ҷомеъ истифода бурд. Эҳтиром ба қонун на танҳо нишонаи маданият, балки нишонаи ватандӯстии ҳар фарди кишвар аст. Изҳори он назар, ки «агар касе ба ин фикр бошад, ки фаъолияти мо (ҲНИТ) аз нигоҳи онҳо (Кумитаи дин) хилофи қонун аст, аз нигоҳи мо (ҲНИТ) мувофиқ ба қонун ва оинномаи ҳизби мост (ҲНИТ)» фикри на чандон асоснок ва қобили эътимод аст. ӯ хуб дарк мекунад, ки агар ҳар кадоми мо аз ҳар қонун бардоштҳои манфиатноки худро дошта бошем, вуҷуди қонун дар ҷомеа маъное нахоҳад дошт. Посухи Кабирӣ ба суоли «Ҳадафи онҳо (Кумитаи дин) аз ин нигаронкунанда мебошад, зеро хонанда хоҳу нохоҳ ба чунин андеша меравад, ки фаъолияти имрӯзаи Кумитаи дин баҳри он равона шудааст, ки фаъолияти ҲНИТ – ро дар қаламрави кишвар заиф намояд. Дар ҳоле ки ҳам худи ҷаноби Кабирӣ ва ҳам хабарнигорон ба хубӣ дарку эҳсос менамоянд, ки ин иқдоми Кумита танҳо ба хотири риоя ва эҳтироми волоияти қонун дар кишвар буду ҳаст, на чизи дигар. Ҷаноби М. Кабирӣ нокомии ҳизби худро дар интихоботи парлумонӣ хостааст бо кӯчонидани афкори мардум ба дигар тараф равона созад ва ҳама гуноҳро ба «системаи бюрократӣ» нисбат диҳад. Аз гуфтаҳои номбурда чунин натиҷа гирифта мешавад, ки эшон бо истифода аз «шиорҳои ҳизбу ҳаракатҳои тундрав» ҷавононро ба «ҷиҳод» даъват намудаст. Магар ин амали ӯ мухолиф ба талаботи Конститутсия ва манфиати мардуми кишвар нест. Оё ин хайрхоҳӣ нисбат ба миллату ватан аст? Мутаассифона, ҷаноби Кабирӣ талошу заҳматҳои пайгиронаи роҳбарияти давлатро дар роҳи ободонии мамлакат ва беҳтаргардонии сатҳи зиндагии мардум, корҳоеро, ки дар самти ба эътидол овардани фазои андешаи динӣ дар кишвар анҷом дода шуда истодааст ва аз онҳо дар дохилу хориҷ ҳама огоҳанд, нодида мегирад ва ё дидаву дониста онро ғайривоқеъбинона арзёбӣ менамояд. Чунончи, М. Кабирӣ мегӯяд: «Вақте ки ҳамаи роҳҳо ва дарҳо ба рӯяшон (яъне, ба рӯи ҷавонон) баста аст, ягона дар ба рӯяшон бозмемонад ва меоянд ба суроғи ҳизби наҳзати ислом». Охир, аз рӯи инсоф бигӯед, ки оё чунин андешаи М. Кабириро ғайр аз дурӯғи маҳз чӣ ҳам метавон номид?! Магар як масъули баландпояи ҳизби диниро шоиста аст, ки боз ҳам дар моҳи мубораки Рамазон чунин гуфтаҳоеро барои худ раво бинад, дар ҳоле ки бояд рӯзаи забон ҳам дошта бошад? Оё роҳ ба сӯи масҷид барои ҷавонон баста аст? Ё роҳ ба сӯи мадраса баста аст? Оё давлат аз 3700 масҷид ва 19 мадраса дари ягон масҷид ё мадрасаеро бастааст, ки ҷавонон ноилоҷ роҳи ҳизби наҳзатро пеш гирифта бошанд? Магар дар Муассисаи давлатии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит», ки беш аз 1000 нафар донишҷӯ дорад, ҷавонон ба таҳсили динӣ машғул нестанд? Ё ягон нафар ҷавон аз Озмуни ҷумҳуриявии қироат ва таҳфизи Қуръон боздошта шуд? Оё ғолиби Озмуни мазкур ҳоло дар ин моҳи муборак дар Маккаи мукаррама қарор надорад? Ҷаноби М. Кабирӣ мегӯяд, ки баъзе аз назарияпардозон барои аз мушкилот ба тарафи дигар кӯчондани зеҳни ҷомеа «беҳтарин роҳро дар ин шабу рӯз дар мухолифати давлат ба дин ҷустуҷӯ мекунанд». Оё ин суханон дар баробари барномаҳои гуногуне, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боло бурдани маърифати динии мардум баргузор мешавад, мунсифона аст? Барномаҳое, ки ҳатто дар арсаи байналмилалӣ сабаби муаррифии кишварамон ҳамчун кишвари собитқадам дар ин ҷода гардид ва натиҷааш ин шуд, ки Душанберо пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эълон карданд. Ба қавли раиси ҲНИТ, «фишор болои ҲНИТ ин фишор болои мардуми Тоҷикистон, миллат аст». Шумо, ҷаноби М. Кабирӣ, аз кадом фишор сӯҳбат мекунед? Агар масъалаи муроҷиат кардани Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо барои риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фишор маҳсуб шавад, пас ба андешаи Шумо дар дунё набояд ҳеҷ қонуне қабул гардад. Зеро агар иҷрои талаботи қонунҳо аз шаҳрвандон дархост карда нашавад, худи қонунҳо беҳуда хоҳанд буд. «Як саволи нодуруст ва ҷавоби барғалат» Саволдиҳанда гуфтааст: «ҲНИТ баъди интихобот мавриди инзиво қарор мегирад. Ҳамчунин, боздошти писари собиқ додситони кул ва генерали ҳукумати Раҳмон… Яъне имрӯз ҷомеа ба куҷо равон аст ва мардуме, ки қурбони ин ҳама бархурдҳои сиёсӣ мешаванд, тақдирашон чӣ мешавад?» Ин савол набояд аз забони як рӯзноманигори касбӣ берун биёяд. Зеро агар ба расонаҳо ва воситаҳои ахбори омма таваҷҷӯҳ карда бошед, «боздошти писари собиқ додситони кул» бархурди сиёсӣ нест, балки як масълаи марбут ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва коррупсионӣ аст. Ҷудо кардани чунин мавридҳо аз бархурдҳои сиёсӣ чандон душвор нест. Дар ҷавоб ҳам ба ҷои овардани санадҳои мушаххас ва нишон додани чораи кор, боз ҳам аз барномаҳо ва дастовардҳои давлат дар ин муддати кӯтоҳ чашмпӯшӣ шудааст, ки аз инсоф дур аст. Зиёев И. Асомиддинов Т. Сайфиддинов Б. 20.08 с.2010