ҲИФЗИ ЭКОЛОГИЯ- ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

Сентябрь 17, 2010 15:21

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ аз 19 то 26 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки 42 намояндаи ҷавони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии давлатҳои ИДМ, ба монанди Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон Лагери байналмиллалии таълимию экологии ҷавонон таҳти унвони «Экологияи Иттиҳод» ва Мактаби экологон ҷавонро баргузор менамояд.             Мақсади асосии Лагер ва Мактаби экологони ҷавон ин ҷалби ҷавонон барои иштирок дар ҳалли масъалаҳои экологии кишварҳои ИДМ; таъсиси бонки иттилоотии ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони кишварҳои ИДМ; иштироки фаъол дар ҳифзи муҳити зист ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар фазои ИДМ мебошад.

Сентябрь 17, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад