БАЛАНДТАРИН БИНО ДАР ДУШАНБЕ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД

Сентябрь 14, 2010 09:30

       Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2011 таҷлил мегардад,  дар маркази пойтахт Маҷмааи тиҷоратии «Душанбе –Плаза» ба истифода дода мешавад. Бинои мазкур 20 ошёна буда, баландтарин бино дар пойтахт маҳсуб мешавад.       Тибқи иттилои сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Рустам Муродов,  «Душанбе –Плаза» дар хиёбони Рӯдакӣ, бурриши кӯчаҳои Бухоро ва Бохтар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-сохтмон –байналмилал» сохта мешавад. Алҳол, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ босуръат идома доранд. Маҷмааи тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба маблағи 99 миллион сомонӣ сохта шуда, тӯҳфаи хубест ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 14, 2010 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад