ДАР ПОЙТАХТ «РӮЗИ КИТОБ» ҶАШН ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар ҷумҳурӣ «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Тайи чанд рӯз аст, ки дар китобхонаҳои пойтахт бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоиши китобҳо, конфронсҳо ва вохўрию сўҳбатҳо бо адибонро мегузаронанд. Бо ин мақсад, имрӯз 4 сентябр дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки намояндагони илму фарҳанг аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар доираи он намоиши калони китоб ва рӯзномаю маҷалла муаррифӣ гардид, ки дар он беҳтарин осори китобхона ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамчунин, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар имрӯз бахшида ба «Рӯзи китоб» муаррифии китобҳо ва вохўрии шоирон бо хонандагон доир гардад. Бояд ёдрас шуд, ки соли 2008 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябрро ҳамчун «Рўзи китоб» эълон намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






