Ф. ҲАМРАЛИЕВ КОРМАНДОНАШРО ҚАДРДОНӢ КАРД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва масъулини зерсохторҳои тобеи вазорат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев дар бораи дастовардҳои иқтисоди кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот дода, кулли кормандонро ба шарафи идҳои Истиқлолият ва Иди саиди Фитр шодбош гуфт. Дар ҷараёни ҷамъомад кормандоне, ки дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои вазорат қадрдонӣ шуданд. Инчунин, ҷиҳати дастгирии як қисми кормандон ба онҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба ин санаҳои фархунда вохӯрии собиқадорони соҳа бо кормандони ҷавон баргузор гардид. Собиқадорон дар ҳамоиш аз дастовардҳои Истиқлолият дар соҳаи иқтисод ва савдо ёдрас шуда, мӯътақид бар он шуданд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолият ва муқаддас доштани ин дастоварди беназири таърихӣ бояд саҳмгузор бошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






