ФАРОҒАТ ДАР «САРЕЗ»

Сентябрь 29, 2010 16:44

Бадахшон, 29 сентябр. (АМИТ«Ховар», Л.Додо).- Тибқи маълумоти профессор, доктори илмҳои тиб Икром Бобохоҷаев дар ВМКБ 76 чашмаи обҳои шифобахш мавҷуд аст,  ки дар назди аксари онҳо истироҳатгоҳу ҷойҳои дамгирӣ сохта шудаанд.Истироҳатгоҳи «Сарез»-и  мавзеи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон яке аз онҳост. Одатан дар фасли баҳору тобистон ва аввали тирамоҳ нафарони зиёд барои табобату фароғат  ба ин  истироҳатгоҳ меоянд. Дар ин ҷо барои мизоҷон шароити хуби истироҳату фароғат  фароҳам оварда шудааст. Дар ихтиёри онҳо ду адад обзан (ванна), ошхона, утоқҳои хоб, утоқи муоинаи беморон ва толор барои бозии билярд гузошта шудааст. Азбаски теъдоди хоҳишмандони истироҳат дар ин осоишгоҳ сол ба  сол меафзояд, роҳбарияти  фароғатгоҳи «Сарез» ният доранд,  ки баҳори соли 2011 дар ин ҷо бинои нави меҳмонхона созанд. Ҳоло дар истироҳатгоҳ  дар як баст 100 нафар мизоҷ истироҳат мекунанд.

Сентябрь 29, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад