ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН МУҲОКИМА ШУД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) –Маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 15 сентябри соли 2010 дар толори мудаввари меҳмонхонаи «Президент-отел»-и шаҳри Маскав баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар доданд. Ин чорабинӣ таҳти раисии прокурори генералии Русия Юрий Чайка гузаронида шуд. Дар ҷаласа прокуророни генералӣ ва муовинони прокуророни генералии Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина иштирок доштанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин ҷаласа аз Тоҷикистон Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, муовини прокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Қадамроз Ғаниев, сардори раёсат оид ба назорати умумии прокуратураи генералӣ Мадиброҳим Олимов ва прокурори шаҳри Чкаловск Шарифҷон Шарифов ширкат варзиданд. «Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳукуқ масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккил-терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, ҳолати ҳимояи ҳукуқҳои шаҳрвандон, хусусан онҳоеро, ки берун аз марзи давлати худ қарор доранд, муҳокима намуданд. Дар ҷаласа Раис ва котиби Шӯрои ҳамоҳангсози Прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил интихоб шуданд» — хабар дод манбаъ.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






