ИШТИРОКИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР МУЛОҚОТИ СҲИ ДАР НЮ — ЙОРК
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ),ки 27 сентябри 2010 таҳти раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк баргузор гашт, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ иттилоъ доданд. Тавре аз гуфтаҳои манбаъ бармеояд, аз рӯи рӯзномаи кории мулоқот, мубодилаи афкор сурат гирифт ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти СҲИ, таърих ва вақти ҷаласаи шӯрои вазирон ва ҳамоиши ояндаи СҲИ баррасӣ шуданд, ҳамчунин, лоиҳаи қатънома оид ба ҳамкорӣ миёни СҲИ ва СММ, ки ба баррасии иҷлосияи 65-уми МУ СММ пешниҳод хоҳад шуд, тасдиқ гардид. «Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон муҳимияти фавқулоддаи татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётиву коммуникатсионӣ ва гидроэнергетикиро барои тараққиёти минбаъдаи кишварҳои аъзои Созмон таъкид кард», — хабар дод манбаъ.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






