МУАРРИФИИ НИШОНАИ ЯГОНАИ ТУРИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 20, 2010 11:58

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси миллии саноати туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.             Дар ин конфронс мавзӯъҳои  нақшаҳои ояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, тадбирҳои андешидаи мақоми давлатии соҳаи туризм ҷиҳати инкишофи устувори соҳа, саҳми шарикони байналмилалии Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи туризм, аҳамияти ёдгориҳои таърихӣ дар рушди туризми кишвар, саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ дар пешбурди соҳаи туризми мамлакат, таъмини бехатарии сайёҳон ҳамчун омили пешбарандаи соҳа баррасӣ мегарданд.              Инчунин, дар конфронси мазкур нақши ширкатҳои туристӣ дар инкишофи соҳаи туризм, саҳми ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар зиёд гаштани ташрифи туристони хориҷӣ ба кишвар ва бахши маориф дар таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳаи туризм ба бозори хизматрасонии туристӣ ва амсоли инҳо матраҳ хоҳанд шуд.             Мавриди зикр аст, ки дар конфронси мазкур муаррифии нахустин филми тарғиботии туристӣ ва нишонаю шиори ягонаи туристии Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд.            

Сентябрь 20, 2010 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад