МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИИ ЯПОНИЯ

Сентябрь 4, 2010 11:21

     Нимаи дуюми рўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати парлумонии Японияро, ки таҳти сарварии   Раиси Кумитаи доимиии Палатаи намояндагони Япония оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Мунэо Судзуки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи рушдёбандаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуд.     «Япония шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аст», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.   Таъкид гардид, ки ба ҳам наздик будани мавқеи сиёсии Тоҷикистону Япония доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ заминаи хуб аст барои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба.     Аз рафти татбиқи амалии барномаи муколамаи «Осиёи Марказӣ — Япония» ва дигар ҳамкориҳои судбахш изҳори қаноатмандӣ карда шуд.     Ба густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ки ҳамчунин ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон нигаронда шудаанд, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои зиёди Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, омодасозии кадрҳо ва роҳсозӣ, аз ҷумла дар навсозии роҳи мошингарди бо Афғонистон пайвасткунанда ба ҳукумати ин кишвар арзи сипос намуд.    Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон лоиҳаҳои сершумори дигар, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард татбиқ шуда, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар ин минтақаи фарох мусоидати фаъол мекунанд.  

Сентябрь 4, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад