МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ТОДДИ ШНАЙДЕР
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Бахши Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Тодди Шнайдерро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили татбиқи амалии барномаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ дар нимсолаи якуми соли равон, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми имсол ва соли 2011 баррасӣ шуд. Аз афзоиши ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, ки бо вуҷуди идомаи таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои номатлуби берунӣ дар 8 моҳи соли равон 6,1% — ро ташкил додааст ва дар сатҳи 4,8% нигоҳ дошта шудани таваррум изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Тодди Шнайдер, «нишондодҳои макроиқтисодии имсолаи Тоҷикистон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин кишвар тадриҷан аз бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ берун шуда истодааст». Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






