МУРОҶИАТНОМА БА МАРДУМИ ШАРИФИ РАШТ

Сентябрь 20, 2010 16:19

Рашт, 20 сентябр. АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Нимаи дуюми 19 сентябри соли равон дар дараи Камарови ноҳияи Рашт дар пайи ҳамлаи дастаи ҷинояткорони гурӯҳи Абдулло Раҳимов бо тахаллуси «Мулло Абдулло» 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ кушта шуда, чанд нафари дигар захм бардоштанд. Ин кирдори ноҷавонмардона мардуми ноҳияи Раштро ба қаҳру ғазаб овард. Субҳи имрӯз аз тамоми деҳоти дуру наздики ноҳия аҳли зиё, фаъолон, хатибони масҷид ва шахсони обрӯманд ҷамъ омада, нафрати хешро нисбат ба чунин амали ваҳшиёна баён доштанд ва дар маҷлиси фаъолони ноҳия муроҷиатномаи онҳо ба сокинони ноҳия қабул карда шуд, ки матни пурраи ин муроҷиатномаро пешкаш мегардонем.     Ҳамдиёрони азиз!   Рӯзи 19-уми сентябри соли равон гурӯҳи ҷинояткорон ба мошини хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар дараи Камаров пайи хизмат равон буданд, ҳуҷум намуданд. Дар натиҷа 25 нафар хизматчии ҳарбӣ ҳалок гардида, чанд тани дигар захм бардоштанд. Душманони миллати азияткашидаи тоҷик бо мақсади дубора ба оғӯши хоку хун кашидани фарзандони ӯ халтаи макру фиребро боз намудаанд. Гумоштагони онҳо ва ҷонибдорони миллату  мазҳабфурӯшашон, ки дар бадали чанд танга нангу номус ва имонашонро мефурӯшанд, бо сад ҳиллаву найранг нияти ҷавонони бетаҷриба ва гумроҳро ба доми хеш афканда, онҳоро барои куштани хоҳару бародар, модару падари худашон тарғиб кардан доранд. Оё имрӯз мо соҳиби ҳамон давлат нестем, ки ниёгони мо  тӯли беш аз ҳазор сол орзу доштанд ва ормони дили худро ба  синаи хок бурданд?! Магар Президенти кишварамон фарде нест, ки ба хотири эҳёи дубораи суннатҳои миллӣ пайваста талош  менамояд? Магар ӯ набуд, ки аз минбари баланди СММ бори  аввал аз дини мубини ислом пуштибонӣ намуд ва ҷашни 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзамро дар сатҳи баланд баргузор намуд? Оё  имрӯз дар саросари кишвари мо ҳазорҳо масҷиду мадорис, ки фарзандонамон озодона таълим мегиранду мардумамон ибодат менамоянд, фаъолият надоранд? Аммо ин гурӯҳи миллатбезору мазҳабфурӯш дар зери ливои муқаддаси исломи азиз пинҳон шуда, бо кӯмаки ҷинояткорони дар мактабҳои террористии мамолики дигар  тарбиятгирифта, ба хотири як гурӯҳи хаёлпарасти бераҳму  беинсоф нияти вайрон намудани кишвари азизамонро доранд. Мехоҳанд давлатеро, ки Худованд баъди ҳазор сол бароямон насиб гардонидааст, аз байн бубаранд. Имрӯз пӯшида нест, ки ба гурӯҳҳои террористии дар дараи Камаров мавқеъ гирифта Абдулло Раҳимов (лақабаш Мулло Абдулло) ва Аловиддин Давлатов (лақабаш Алӣ Бедак) сарварӣ менамоянд. Мо ба Шумо ҳамдиёрони иззатманд, ба он хотир муроҷиат менамоем, ки барои гирифтани пеши роҳи ҷинояткорон дастҷамъӣ ба мубориза бархезем. Нагузорем, ки афроди ҷинояткору меҳанфурӯш диёри зебоманзари Раштро боз ба чанги оташ диҳанд. Нагузорем, ки онҳо аз нав боиси марги даҳҳо ҷавонони дунёнадида, ятим гардидани садҳо нафар тифлони маъсуми тоҷик, нолаи ҷонсӯзи модарон ва фарёди навмедонаи арӯсони нозанини тоҷик гарданд. Ба ҳамин хотир ҳар кадоми Шумо ҳушёриро аз даст надиҳед. Пеши роҳи ҷавонони дунёнадидаву бетаҷрибаро бигиред, ки мабодо ба доми фиреби онҳо гирифтор нашаванд. Тоҷикистони азизи мо дар як мӯҳлати кӯтоҳ таҳти сарварии Президенти мамлакатамон, фарзанди фарзонаи миллат ба як кишвари ободу овозадор табдил ёфт. Халқи тоҷик соҳиби ном ва соҳиби Ватан шуд. Ҳамин шӯҳрату обрӯ боиси  пайдо шудани кинаву ҳасад шудааст. Бадхоҳони миллати мо аз бахилӣ ва нотавонӣ ба ҳар кор қодир ҳастанд. Онҳо  намехоҳанд ҷаҳониён боэҳтиром дар бораи як миллати соҳиби мактаби сулҳофарин, миллати башардӯсту ободкор ҳарф  бизананд. Мехоҳанд Тоҷикистон -хонаи умеди тоҷикони тамоми дунёро маҳв намоянд. Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои қудратии кишвар ба хотири саркӯб  намудани харобкорон ва ҷинояткорону қотилони зархарид қиём кунед. Бигузор душманони миллат донанд, ки тамоми  халқи тоҷик ва тоҷикистониён таҳти сарварии Роҳбари давлати худ Эмомалӣ Раҳмон танҳо нияти ободкорӣ ва сулҳофариниро доранд.   (Муроҷиатномаи дар маҷлиси фаъолони  ноҳияи Рашт 20-уми сентябри соли 2010 қабул карда шудааст)

Сентябрь 20, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад