РАҲМОНОВ АЗ САТҲИ ҲАМКОРИҲО ҚАНОАТМАНД ГАРДИД
Душанбе, 17-уми сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар мулоқоти вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Кумар Бхаттачарҷи баррасӣ гардид. Сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар мулоқот, ҳамзамон, масъалаҳои иштироки Ҳиндустон дар татбиқи барномаҳои омӯзиши забони англисӣ ва компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби бештари донишҷӯёни Тоҷикистону Ҳиндустон ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар, дастгирии шӯъбаҳои забони ҳиндӣ ва урдуи муассисаҳои олии Тоҷикистон бо адабиёти таълимӣ ва илмӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддат барои мутахассисони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон дар Ҳиндустон муҳокима гардиданд. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз соли 1995 инҷониб дар соҳаи маориф идома дорад. Дар доираи ҳамкориҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсҳои омӯзишӣ аз рӯи барномаҳои молия ва аудит, технологияи иттилоотӣ, системаи бонкӣ, омӯзиши забонҳо ва ғайра ширкат варзида, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии худро мукаммал мегардонанд. Алҳол, дар муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон беш аз 100 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон таҳсил мекунанд. Тибқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустону Тоҷикистон» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ озмоишгоҳ кушода шуд, ки алҳол фаъолияти самарабахш дорад. Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон доир ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи маориф табодули назар карданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






