СЕНАТОРИ ИРЛАНДӢ ВА ДАСТГИРИИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 17, 2010 15:14

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Сенатор Фиона О.Меллӣ, ки аз тарафи нахуствазири Ҷумҳурии Ирландия таъйин шуда буд, 4 сентябр  барои анҷом додани вазифаи кӯтоҳмудати машваратӣ аз ҷониби созмони байналмилалӣ, хайриявӣ ва ғайридавлатии «Хадамоти волонтёрӣ дар хориҷа» (VSO) ба Тоҷикистон омад. Сенатор О. Меллӣ таҷрибаи рушди сайёҳиро бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ мубодила намуд. Дар давоми сафари худ сенатор бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҳамкорӣ намуд ва барои таҳқиқ кардани он ки чӣ гуна туризм ба рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва махсусан, дар водии Зарафшон саҳм мегузорад ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар назди туристони хориҷӣ ба шаҳри Панҷакент сафар намуд.  Дар мавриди сафари худ сенатор гуфт, ки; «Тоҷикистон дорои иқтидори азиме дар оянда мебошад ва метавонад монанди Ирландия ё Юнон қисми зиёди даромадро аз рушди туризм ба даст биёрад. Ин кишвар ҳамаи санадҳои ҳуқуқиро дар ихтиёр дорад ва  онро зарур аст, ки туристҳои байналмилалиро ба манзараҳои зебо, оби поку тоза, обрӯи меҳмондорӣ барои дӯст доштани кишвари худ ва мероси бостонӣ ҷалб намояд». Вақте ки дар бораи маконҳои туристӣ аз ӯ савол карданд, сенатор Фиона О.Меллӣ ҷавоб дод, ки аз сафараш хеле лаззат бурдааст ва афзуд; «Ман ҳангоми гузаштан аз ағбаи Анзоб ва водии  Зарафшон хеле лаззат бурдам, кӯҳҳо хеле драматикӣ буданд ва ин қадар зебо буданд, ки ман то ҳол дар ҳеҷ куҷо надидаам. Дар Ҳафткӯл ман тавонистам, ки кӯҳнавардӣ кунам, дар яке аз кӯлҳо оббозӣ намоям, ҷаззобият ва меҳмоннавозиро дар манзиле бо номи Нофин таҷриба намоям — ин таҷрибаи беназир буд. Панҷакенти бостонӣ ҳамчун як ғуруб аст — Ман дар воқеъ эҳсос кардам, ки он замон ҳанӯз ҳам побарҷост. Ин кори бузургест, ки Тоҷикистон  бахши сайёҳии худро тараққӣ медиҳад». Дар охири  сафари сенатор  Фиона О.Меллӣ, ҷаноби  Лочин Файзуллоев-муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт; «Барои ман ифтихори бузург аст, ки сенатор ба Тоҷикистон ташриф оварда, таҷрибаи коршиносии худро дар соҳаи рушди сайёҳӣ мубодила намуд. Сайёҳӣ нақши бузурге дар рушди ояндаи кишвари мо дорад ва сенатор кори мавҷудаи моро дар соҳаи туризм барои баланд бардоштани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Ирландия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъриф хоҳад кард», гуфт ӯ.  

Сентябрь 17, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад