ШИРКАТҲОИ ХОРИҶӢ ҲАМ КӮМАК РАСОНИДАНД
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар барқарор кардани хонаҳои нави истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки 5-7-уми маи соли ҷорӣ бар асари селоб 270 хона пурра ва 800 хона қисман зарар дидаанд, на фақат корхона ва идораҳою вазоратҳо, балки сармоядорони ватанӣ ва ширкатҳои хориҷӣ низ саҳми худро гузоштанд. Ба маълумоти ҳамин манбаъ, дар шаҳраки 4- уми маркази шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ширкатҳои хориҷии «Аероспек» ва «Ску- Стар» ду хонаи 5 ҳуҷрагӣ сохта ба истифода дода шуд. Ширкатҳои «Вовилион — Мобайл» ва «Вовилон -Т» бошанд, барои зарардидагони ҳодисаҳои табиӣ дар ноҳияи Шӯрообод 6 хонаи нави истиқоматиро бо тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор ба соҳибонашон супориданд. Ба гуфти намояндаи ширкати «Вовилион -Т» Холиқназар Ҷумъаев, одамон бояд дар ҳама маврид кӯмакрасони ҳамдигар бошанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






