«ВАВИЛОН-МОБАЙЛ» ВА«ВАВИЛОН-Т» ДАР КӮЛОБ
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Дар арафаи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т» барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон шаш хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими тантанавии супоридани хонаҳо роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т» ширкат варзиданд. Намояндаи ҶСП «Вавилон-Т» Холиқназар Ҷумъаев ба зарардидагон калиди хонаҳои навро супорида, аз номи директори генералии ширкат Беҳзод Файзуллоев онҳоро бо фарорасии ҷашни Истиқлолият ва иди саиди Фитр табрик гуфта, барояшон муваффақият таманно намуд. Ширкати телекоммуникатсионии ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва ҶДММ «Вавилон-Т» яке аз аввалинҳо шуда, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба сохтани шаш хонаи истиқоматӣ барои оилаҳое, ки хонаҳояшон дар натиҷаи офати табиӣ пурра вайрон шуда буданд, дастгирӣ намуд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ зарардидагонро бо хонаҳои замонавӣ таъмин намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






