ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ СОҲИБИ КИТОБХОНА МЕШАВАД

Сентябрь 3, 2010 13:49

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи 2010 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммадоштааш, аз ҷумла бо мақсади иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати ҶТ ва қарору фармонҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом додаст. Аз ҷумла, Лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, ҷиҳати иҷрои «Барномаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» қабул гардид. Дар доираи ин барнома, бо мақсади таъмини заҳматкашони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ордену медалҳо сарфароз гардидаанд, бо имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо дар баробари иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар карда шуда, айни ҳол  1788 нафар заҳматкашони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз имтиёз ва ҷубронпулиҳо дар баробари иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ истифода мебаранд. Дар асоси Нақшаи муштараки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ташкилоти байналмиллалии СММ — ЮНИСЕФ нақшаи кории семоҳаи вазорат барои моҳҳои июл, август, сентябри соли 2010 таҳия ва қабул гардид. Тибқи ин нақша барои дуруст ба роҳ мондани  масъалаи хизматрасонии иҷтимоӣ, оила ва кӯдак 8 ноҳияи таҷрибавӣ муайян гардид. Инчунин, бо дастгирии Ташкилоти ҳамкориҳои техникии Олмон дар вазорат китобхона таъсис дода шуд, ки дар ҳоли анҷомёбӣ мебошад.

Сентябрь 3, 2010 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад