ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН БА БРИТАНИЯИ КАБИР МЕРАВАД

Октябрь 5, 2010 11:01

Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Нахустин сафари ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ ба Британияи Кабир моҳи ноябри соли 2010 ҷараён хоҳад гирифт, ки он дар таърихи муносибатҳои парлумонии ҳар ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард. Ин матлабро роҳбари гурӯҳи парлумонии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Лорд Вейверлӣ зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баён кард.   Лорд Вейверлӣ расман даъват ба миён овард, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сарварӣ намояд.   Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов иттилоъ дод.  

Октябрь 5, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад