АРЗИ СИПОСИ ПРЕЗИДЕНТИ РУСИЯ БА З.САЙИДЗОДА
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Президенти Русия Дмитрий Медведев ба мушовири калони Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Зафар Сайидзода барои китоби «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар давраи ташаккулёбии он ба давлати соҳибистиқлол» арзи сипос намуд. Дар ин бора дар мактуби худ ба дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов хабар дод. Ёдовар мешавем, ки китоби мазкури Зафар Сайидзода аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия зимни сафари корӣ дар Сочи моҳи августи соли ҷорӣ супорида шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






