ДАР ДУШАНБЕ МАРКАЗИ «ҚОНУНИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – «Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарўзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Аз ин рў, моро лозим аст, то аз имконоти фаровони дохилии забонамон дар мисоли қолабҳои вожасозӣ ва луғоту истилоҳоти маҳфуз дар осори давраҳои таърихӣ мавриди истифода қарор диҳем», — зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо дарназардошти собиқаи тўлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд. «Бо дарназардошти дурнамои ташаккул ва густариши забони давлатӣ пешниҳод менамоям, то дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири гиромидошти ин рукни фарҳанги миллӣ ва нишони асолати миллати куҳанбунёди тоҷик, ҳамчун арҷ гузоштан ба хидмату заҳмати фарзонагони гузашта, ки забонро ҳифз карда ва барои мо ба ёдгор гузоштаанд, марказе бо номи «Қонуни забони тоҷикӣ» таъсис дода шавад», — илова намуд Э. Раҳмон. Мавриди зикр аст, ки ин марказ метавонад дар китобхонаи миллӣ ҷойгир шуда, чун осорхонаи забони тоҷикӣ ва таърихи пурифтихори он барои насли имрўзу фардои миллат хизмат бикунад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






