ГЕРОИН ДАР МЕЪДА

Октябрь 8, 2010 14:52

     Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Адибаи Азиз).-5 октябри соли равон кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 631 самти Душанбе-Маскав  шаҳрванди ҶТ Мирзоева Шаҳноза (соли таваллудаш 1992)-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукӣ гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Дар ин бора аз  шӯъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  хабар доданд.      Зимни  муоина аз меъдаи гумонбаршуда 28 адад ғалтакчаҳои селофании худсози ба маводи героин монанд гирифта шуд. Мувофиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари дарёфтшуда героин буда, вазни холиси он 110,9 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба шаҳрванд Шаҳноза Мирзоева парвандаи ҷиноӣ оғоз  шуда, ба Прокуратураи нақлиётии ҶТ барои гузаронидани тафтиши пешакӣ фиристода шуд.

Октябрь 8, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад