ИҚТИДОРИ НБО «НОРАК» МЕАФЗОЯД
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дар калонтарин нерӯгоҳи Осиёи Миёна – НБО-и «Норак» таҷдиди агрегатҳои истеҳсоли нерӯи барқ оғоз ёфт. Аллакай ду агрегати фарсудаи онро пурра бо таҷҳизоти нав ҷиҳозониданд. Тибқи ҳисоби мутахассисон пас аз таҷдиди комили агрегатҳо иқтидори истеҳсолии ҳар агрегат 15 мегаваттӣ меафзояд. Дар нерӯгоҳ, ҳамчунин, таҷдиди зеристгоҳи 220 кВт оғоз ёфт. Тавассути нав кардани таҷҳизоти барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ имкон пайдо мегардад, ки дар фасли сармо шиддатнокии нерӯи барқ пайваста зиёд гардида, сокинони навоҳии мамлакат ба тариқи шабонарӯзӣ нерӯи барқро дастрас намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






