КӮМАК БА ОИЛАҲОИ ҲАЛОКШУДАГОН ДАР ХУҶАНДУ КАМАРОБ

Октябрь 5, 2010 15:11

    Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба оилаҳои шаҳрвандони вилоят, ки дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ санаҳои 3 сентябр дар шаҳри Хуҷанд ва 19 сентябр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба ҳалокат расидаанд, кӯмаки яквақтаи моддӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ расонида шуд.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси вилоят 24 ҳазору 120 сомонӣ ҷудо гардид.    Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ санаи 3 сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи ҳамла ба бинои маъмурии шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати корҳои дохилии вилоят 3 нафар ва санаи 19 сентябр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар натиҷаи ҳамлаи қатори мошинҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 нафар сарбозону афсарон аз вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд. 

Октябрь 5, 2010 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад