МУҲАММАД РОСИЙД БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Октябрь 8, 2010 15:11

Душанбе, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Индонезия  таҳти роҳбарии Муҳаммад Росийд Ҳидоят 11-14 октябри соли равон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан менамояд.      Интизор меравад, ки раҳбари ҳайати парлумонии  Индонезия зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, масъалаҳои  тақвияти ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону Индонезияро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон, Муҳаммад Росийд Ҳидоят бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, масъулини Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва корхонаи «ТалКо» мулоқот хоҳад кард.          Тибқи иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Индонезия ба Тоҷикистон  тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди парлумонӣ байни ҳар ду кишвар аст.         Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия  27 августи соли 1994 барқарор шуда, маҷмӯи санадҳои муҳими байнидавлатӣ дар бахшҳои гуногун байни ҳар ду кишвар  ба тасвиб расидаанд.

Октябрь 8, 2010 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад