НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ МЕТЕОРОЛОГӢ ДАР ҚУРҒОНТЕППА
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Барои самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои кишвар бо максади барқарор намудани қудрати истеҳсолии низоми таъмини метеорологӣ ва ҳамоҳангшавии низоми аэронавигатсионии кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ ширкати махсусгардонидашудаи Финландия тибқи шартнома таҷҳизоти метеорологӣ ирсол намуд, ки дар айни замон насби он дар филиали Қӯрғонтеппа амалӣ шуда истодааст, чунин гуфт имрӯз директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов ба рӯзноманигорони дар нишасти матбуотӣ. Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи созишнома бо мутахассисони Вазорати мудофиаи Фаронса барномаи мукаммали тарҳрезии сохтмону баистифодасупории Манораи муназзамӣ дар шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз ҷониби фаронсавиён, пешкаш гардид. Ӯ, ҳамчунин, қайд кард ,ки фармоиши фаннӣ барои мутахассини ширкати «ЭРА» оид ба гузариш ба низоми «Мультилоторейшен» дар вилояти Суғд таҳия гардида, ба намояндагони ин ширкат пешкаш карда шуд. Дар айни замон татбиқи амалии барномаи мазкур ба роҳ монда шуда, мутахассисони Ширкат дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони КВД «ТАН» корҳои заруриро анҷом дода истодаанд. Бояд таъкид кард, ки насби таҷҳизоти мазкур метавонад вазъи муроқибаро дар шимоли кишвар ба куллӣ аз ҷиҳати мусбату муосиршавӣ тағийр диҳад, — афзудА.Мақсудов.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






