НИГОҲЕ БА ИНКИШОФИ ТАЪРИХУ АДАБИЁТИ ТОҶИК
Душанбе , 5 октиябр . ( «АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин ) . — Китоби нави сарходими илмии институти илмӣ- тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Субҳон Амирқулов таҳти унвони «Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр дар қарни ХIХ» аз ҷониби нашриёти «Ирфон» рӯи чоп омад. Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо ва рӯйдодҳои дар таъриху адабиёти тоҷик дар қарни ХIХ рӯй додаро дар бар мегирад . Ҳадафи муаллиф мустаҳкам намудани савияи дониши назариявии донишҷӯён доир ба таъриху адабиёти тоҷик мебошад .








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






