СЕМИНАРИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ

Октябрь 8, 2010 17:16

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Лоиҳаи  «Кӯмаки техникӣ ба барномаи дастгирии сиёсати секторалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии Иттиҳоди Аврупо – компонент оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди  Аврупо маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади кӯмаку дастгирӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар таҳияи Стратегияи пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ барои солҳои 2011-2015, методикаи баҳогузории   талабот ва банақшагирии хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар маҳалро таҳия кард.             Ҳадаф аз таҳияи усули муносибат  оид ба муайян намудани талабот ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз баландбардории маҳсулнокии банақшагирии  хизматрасониҳо ва муайянсозии тарзу усулҳои баҳогузории талаботи мизоҷон ба хизматрасониҳо иборат мебошад.             Дар робита ба ин масъала семинар оид ба истифодабарии тарзҳои баҳогузории талабот ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сатҳи ноҳиявӣ ва банақшагирии онҳо барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ ва муассисаҳои тобеи он гузаронида мешавад.  

Октябрь 8, 2010 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад