ШӮҲРАТ – ҶОИЗАДОРИ ОЗМУН

Октябрь 20, 2010 14:25

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 5 то 7-уми октябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Шимкент Озмуни байналмилалии  «Казахская романсиада» баргузор гардид, ки дар он панҷ давлати узви  Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат варзиданд. Аз ҷумла,  55 нафар овозхон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок карда, тибқи талаботи озмун ду романс, яке бо забони русӣ ва дигар бо забони қазоқӣ иҷро карданд. Аз миёни 55 нафар 27 нафарашон ба ҷоизаҳои гуногун ноил гардиданд. Тоҷикистонро бошад, аспиранти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Шӯҳрат Сафаров намояндагӣ карда, миёни 27 нафар бо ҷоизаи «Дӯстӣ» ва мукофотпулӣ  қадрдонӣ  гардид. Бояд ёдрас шуд, ки озмуни мазкур 13-сол қабл таъсис ёфта, ҳамасола баргузор мешавад ва Шӯҳрат Сафаров Тоҷикистонро бори аввал дар ин озмун муаррифӣ карда, ҳамзамон сазовори ҷоиза гардид. Ҳамчунин, ин овозхон моҳи апрели соли равон дар Озмуни байналмилалии «Баллада о солдате» дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия миёни 9 давлат ширкат варзида, соҳиби дипломи озмуни мазкур шуда буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Октябрь 20, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад