ШАҲРДОРӢ МАНЗИЛҲОИ АРЗОН МЕСОЗАД
Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар доираи “Барномаи комплексии рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015» шаҳрдорӣ барои сохтмони манзилҳои нисбатан арзон афзалият дода, ба ширкатҳои татбиқи ин ташаббус имтиёзҳои андозӣ муқаррар месозад. Ин матлабро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласае, ки бо ҳузури кормандони бахши сохтмони шаҳр, ширкатҳои лоиҳакашию сохтмонии ватанию хориҷӣ баргузор шуд, матраҳ кард. Ҳадафи ин иқдом дастрасии сокинон ба манзилҳои камарзиш ва беҳдошти вазъи рӯзгори онҳо аст. Тибқи итттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, иқдоми мазкур вақтҳои наздик бо қабули қарори дахлдор аз ҷониби Раиси шаҳр, ҳукми воқеӣ хоҳад гирифт. Дар ҷаласа, инчунин, масъалаҳои дигари мубрами хоҷагидории шаҳр баррасӣ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






