ЗАБОНИ ТОҶИКИРО ЧУН НИШОНИ ҲАСТИИ ТОҶИК ҚАДР КУНЕМ!

Октябрь 5, 2010 15:16

     Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забон бо тантана таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар Театри драмаю мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабиниҳои мутантан баргузор гардид.    Раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов дар ин ҷамъомад ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забон табрик намуда, гуфт, ки рӯи кор омадани ҳуҷҷати муҳими давлатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон воқеаи барҳақ таърихист ва он дар тақдири минбаъдаи халқу миллати куҳанбунёди тоҷик, шинохти асл ва ҳуввияту худшиносии миллии миллионҳо тоҷикони рӯи олам масъулият, нақш ва мақоми бузургеро ба дӯш дорад.    «Вазифаи мо – имрӯзиён забони тоҷикиро чун нишони ҳастии тоҷиканд қадр кардан, эҳтиёт намудан, гиромӣ доштан, ғановат бахшидан аст. Қабули Қонуни нави забон ифодагари ҳамин масъулият ва ҳамин маъниҳост», — хитоб кард С. Мирхолиқов.    Ёдовар мешавем, ки то ҳамин сол Рӯзи забон санаи 22 июл таҷлил мегардид. 5 октябри соли 2009 Қонуни нави забон қабул шуд ва аз ин пас таҷлили Рӯзи забон ба ин сана иваз карда шуд. 

Октябрь 5, 2010 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад